Кордори Сафорати Фаронса ба Бохтар омад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз, Боздид 608
Нимаи дуюми имрӯз, 14 март, мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо кордори муваққатии сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Эрик Лебедел баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронсаро баррасӣ намуданд. Раиси вилоят ва сафири Фаронса рушди робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронсаро тайи 30 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ ва дурнамои рушди ин муносибатҳоро баланд арзёбӣ карданд.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои амниятӣ, таҳкими сарҳадот, муқовимати муштарак ба хатару таҳдидҳои муосир - терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Қайд гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон зимни дидору мулоқоташон аз сатҳу ҳолати имрӯзаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намудаанд.
Дар вохӯрии раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо кордори сафорати Фаронса Эрик Лебедел инчунин самтҳои дигари муҳимми ҳамкориҳои дуҷониба, амнияти минтақавӣ, энергетика ва дигар масъалаҳои қобили таваҷҷуҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
"Хатлон"
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...