Зан-модар ибтидои ҳастии башарият ва сарчашмаи меҳру вафо аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз, Боздид 426
Модарону бонувони арҷманд!
Басо рамзист, ки Рӯзи Модар ҳар сол аз фаро расидани бедориву эҳёи табиат, яъне фасли зебои баҳор мужда мерасонад. Дар ин падида рамзи амиқе вуҷуд дорад, ки он ба сиришти неку созанда ва ниҳоди поки модарон алоқаманд аст.
Зан-модар ибтидои ҳастии башарият, сарчашмаи меҳру вафо ва рамзи муҳаббату садоқат мебошад.
Бо камоли эҳтиром ҳамаи бонувони шарафманди Хатлонзаминро ба муносибати Рӯзи Модар самимона шодбош гуфта, барояшон сарфарозиву нерумандӣ, саломатии бардавом ва рӯзгори босаодатро таманно дорам.
Зан-модар фариштаи зебоӣ, манбаи меҳру сафо, раҳму шафқат ва равшангари зиндагӣ буда, ҷаҳонро бо озодагиву нафосат ва малоҳати худ рӯҳи тоза мебахшад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақому манзалат, қадру қимат ва иззату эҳтироми модарону занон арҷ гузошта, онҳоро ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, машъалафрӯзи зиндагӣ, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ ситоиш кардаанд. Меҳру муҳаббати зан-модар зиндагиро ба низом оварда, фазои орому осудаи оиларо таъмин месозад.
Қобили тазаккур аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати занон пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Имрӯз бонувони саодатманди тоҷик дар тамоми соҳаҳо сарбаландона кору пайкор доранд ва дар рушду нумӯи кишвар саҳми арзишманд мегузоранд.
Мояи сарбаландӣ аст, ки айни ҳол 6 нафар занон ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят, 343 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 1037 нафар ҳамчун вакили маҷлисҳои ҷамоати шаҳраку деҳот дар таҳияи асноди муҳими давлатӣ ва қабули қарорҳо фаъолона ширкат меварзанд.
Айни замон дар вилояти Хатлон аз шумораи умумии воҳидҳои кории хизматчиёни давлатӣ дар 508 воҳиди корӣ занони таҷрибадору соҳибтахассус кор карда, аз ин шумора 204 нафар бонувони лаёқатманд дар вазифаҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ фаъолияти босамар доранд.
Ҳамзамон, саҳми занон дар рушди илми муосир низ назаррас буда, дар донишгоҳу донишкадаҳои ҳудуди вилоят 96 нафар занони муҳаққиқ, аз ҷумла 6 нафар доктори илм, профессор, 55 нафар номзади илм ва 35 нафар дотсент фаъолият менамоянд, ки дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷомеа нақши муассир доранд.
Боиси қаноатмандист, ки дар муқоиса бо соли 2021 шумораи бонувон дар муассисаҳои соҳаи маориф 2304 нафар, тандурустӣ 653 нафар, саноат 366 нафар, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 72 нафар, бонкҳо 283 нафар, кишоварзӣ 7380 нафар, аз ҷумла роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ 4268 нафар зиёд шудааст, ки аз мавқеи намоёни бонувони тоҷик дар ҷомеаи муосир дарак медиҳад.
Дар баробари ин, модарони тоҷик бо эҳсоси баланди худшиносии миллӣ фарзандони худро дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳимояи хоки муқаддаси аҷдодӣ тарбия намуда, дар ниҳоди онҳо оини ободкориву меҳанпарастиро бедор месозанд.
Хотирнишон месозам, ки ободии Ватан аз ободии ҳар як хонадон ибтидо мегирад. Зимнан, оилаи солиму соҳибмаърифат ба дунёи маънавӣ ва завқи зебопарас-тии занону модарон вобаста аст, ки ин рисолати созандаро онҳо бо эҳсоси баланди таҳкими оиладорӣ иҷро менамоянд.
Фарорасии ҷашнҳои бузурги ифтихорӣ - Наврӯзи байналмилалӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моро водор месозад, ки дар раванди татбиқи нақшаю ниятҳои неки бунёдкорию созандагӣ ба ифтихори ин ҷашнҳои умумимиллӣ камари ҳиммат бандем ва дастаҷамъона бо модарону бонувони ғайратманди тоҷик барои тозагию ободонии маҳалли зист саҳми арзандаи худро гузорем.
Зеро, ҳидояту роҳнамоӣ ва дасти дуои шумо – модарони азиз, ки ба хотири тинҷиву осудагии кишвар ва ҳаёти босаодати фарзандони шарафманди тоҷик аз сидқ бардошта мешавад, дар масири ободонии Ватан роҳи ҳама мушкилоту сарбастагиро ҳамвор менамояд.
Бо ҳамин нияти нек, бори дигар ҳамаи модарону хоҳаронро ба ифтихори ҷашни пуршукӯҳ ва мубораки Рӯзи Модар, ки ба оғози зеботарин фасли сол - баҳори гулбасар ва арафаи бузургтарин ҷашни миллиамон - Наврӯзи оламафрӯз баробар омадааст, ихлосмандона табрику таҳният гуфта, ба шумо дар ҷодаи фаъолият сарбаландӣ ва дар зиндагӣ муваффақияти беохиру хушбахтии доимиро орзумандам.
Идатон муборак бод, модарону хоҳарони азиз!
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...