Модари зебоиофар
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабарҳо, Боздид 450
Холаи Холиса ҳунари кашидадӯзӣ, гулдӯзӣ, куртадӯзӣ, бофандагӣ, қуроқдӯзиву тоқидӯзиро дорад. Миёни аҳли деҳаи Навободи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (собиқ Шӯрообод) бо ҳамин ҳунар машҳуру соҳибэҳтиром аст.
Ин модари рӯзгордида бо маҳсули дастони хеш ва сӯзаниҳои нақшину баҳорофараш хонаи оилаҳои ҷавонро зиннат бахшидааст. “Дар наврасӣ бо хоҳаронам остинча, рафида, чойникпӯш, рӯймолча ва ҷомаву куртаҳои чакану гулбаст медӯхтем. Пас аз соҳибистиқлол шудани кишвар ва таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ замина фароҳам омад ва талабот ба ин ҳунарҳо афзуд. Ман хушбахтам, ки маҳсули дасти ман хонаи тоҷикеро зебу зиннат мебахшад”.
Холиса Ибодуллоева ба синни мубораки 71 расида бошад ҳам, лаҳзае худро аз ин ҳунар канор намегирад ва шогирдони зиёде дорад. Онҳо пайрави устод шуда, ин ҳунари волоро аз худ кардаанд ва аз холаи Холиса сипосгузоранд.
Фарида Баротова, “Хатлон”
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...