МОДАРИ БАХТОВАРАМ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз, Боздид 469
Модари биҳиштиам, эй модари меҳрубону ширинам! Маро ба дунёи ҳастӣ овардӣ, бо аллаҳоят парвариш ёфтам. Дастам гирифта, роҳгардиро омӯзондӣ. Аз афсонаҳоят забонам гӯё ва чашмонам бино шуд. Даст болои сарам гузошта, сабақи зиндагӣ омӯхтиам. Пайваста таъкид мекардӣ, ки мададгори мардум бошам. Сарпаноҳи ҳар тангдасту бечора бошам. Ҳар гоҳе ки тӯшае бароят мебарам, ба рӯям нигариста бо як меҳрубониву раҳмдилӣ, мегӯӣ: «Писарам, саргардон шудӣ, кош ҳамин савғотиро ба ягон нафари фақир медодӣ».
Ҳар вақте мани аз серкорӣ хасташуда ба деҳа, ба аёдати модари меҳрубонам мерафтам, намедонистам он шаб чӣ гуна мегузашт. Дар бомдодон нони гарми танӯрии модарам алакай рӯйи хонаш буд. Дарк менамудам, ки инсон новобаста аз синну сол барои модар кӯдак аст.
Навозишҳои модарам хотираҳои кӯдакиро пеши рӯ меовард. Ҳамон лаҳзаеро пеши назар меовард, ки ман дар даст белу каланд вориди замини ҳавлиамон мешудам. Аммо модари меҳнатиам каландро аз дастам гирифта, намегузошт, ки вақтамро ба ин кор сарф кунам. Ба ҷойи ман кор мекард, то ман китоб хонам, дарс омӯзам, сабақ гирам. Оё он ҳама ранҷу меҳнаташро баргардонида метавониста бошам?
Давлату дунёи ман модарам аст. Симои зебояш, садои форамаш бароям азиз мебошад. Зиндагӣ худ шеър аст, ки ба аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи ӯ хотима меёбад. Ҳамин бузургию шаҳомати ӯро ба назар гирифта, модарро тимсоли Ватан азиз медонанд. Ҳар фарзанде, ки қимати модарро донад, бо дуояш хушбахту шуҳратёр мегардад. Дуои модар калиди дари хушбахтии мост.
Эй модари ҷон! Сиҳатӣ, оромиву осудагии фарзандонро дида меболӣ. Аҷаб дунёи рангину зебо дорӣ. Имрӯз, ки ранҷурӣ, ҷарроҳӣ дидаӣ, ду чашм бар дари беморхона роҳ мепоӣ, ки даратро кушоем. Ҳамеша дар барат, мададгору такягоҳатем. Кош чашмони бастаи Шуморо кушода бинам. Аз даргоҳи Холлиқи якто илтиҷо дорам, ки дидагонат шифо ёбанд. Боз меҳрубонона ба рӯйи мо-фарзандон нигариста, навозишамон кунӣ. Аз нигоҳҳоят як ҷаҳон маънӣ бардорем, неру бигирем.
Бо ҳамин ниятҳои нек ҷониби шаҳр раҳсипор мешавам. Зери лаб ин мисраъҳоро зам-зама намуда, худро чун даврони кӯдакӣ дар домонат мебинам...
Модарам, эй модарам, эй модарам,
Модари дар зиндагӣ бахтоварам.
Меҳри покатро ба дил мепарварам,
Чун ту ҳастӣ такягоҳу ёварам.
Хурсанд ҲАМДАМЗОДА,
муовини ректор оид ба таълими
ДДБ ба номи Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...