8 март момои Моҳтоббӣ 103-сола мешавад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт, Боздид 442
Момои Моҳтоббӣ Икромова 8 марти соли 1920 дар ноҳияи Данғара дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Ӯ ба синни мубораки 103 расида бошад ҳам, ҳанӯз қалбаш ҷавон аст.
Ҳангоми ба ҳавлии момои Моҳтоббӣ ворид шудан, ӯро дар ҳалқаи наберагон дарёфтем. Момои табаррук рӯзгори ибратбахш дорад. Аз умри дидааш қаноатманд аст. Ҳеҷ гоҳ аз он шикоят намекунад. Бо наберагон машғули бозиҳои саргармкунанда гардида, ҳамзамон ба фарзандон панду насиҳат ва дарси зиндагӣ дода, барои мустаҳкам нигоҳ доштани оила тавсияҳои модарона медиҳад.
Аҳли маҳаллаи Ваҳдати шаҳри Бохтар ба ин модари табаррук эҳтироми хоса доранд. Пайваста аз ҳоли ӯ огаҳӣ ёфта, лаҳзае ӯро танҳо намегузоранд. Воқеан, момои Моҳтоббӣ модари чанд насл буда, тавъам омадани зодрӯзаш, бо Рӯзи модар аз толеи накуи ӯ шаҳодат медиҳад.
-Ман ҷавон будам, ки шавҳарам вафот кард, бори зиндагиро ба танҳоӣ кашида, 4 фарзандро ба камол расонидам, 5 фарзанди дигарам дар синну соли гуногун вафот карданд. Дарду алами онҳо дар дили ман боқист. Аммо шукронаи фарзандони дар қайди ҳаёт будаам ва наберагони ширинамро намуда, аз даргоҳи Худованд барои онҳо тандурустӣ ва иқболи некро талаб дорам. Модар будан низ ба ҳамин маъност. Бо нони ҳалол фарзандонамро калон карда, соҳибмаълумот намудам. Акнун дар иҳотаи онҳо давлати пирӣ ронда, зиндагии осуда дорам,-мегӯяд момои Моҳтоббӣ.
Ф. Баротова,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...