ДАВЛАТАЛӢ САИД: «Зан-модар офарандаи зиндагӣ ва неруи муқтадири пешбарандаи ҷомеа аст»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 402
Рӯзи 6 март дар толори Кохи фарҳангии шаҳри Бохтар ба ифтихори Рӯзи модар бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ин ҷамъомади идона бонувони собиқадор, меҳтарони хизмати давлатӣ, фаъолон аз ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят иштирок доштанд. Ба ҳамаи онҳо аз номи раиси вилояти Хатлон ҳадяҳои баҳорӣ тақдим карда шуд.
Дар сатҳи давлатӣ ва бо шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи модар нишонаи таваҷҷуҳ ва эҳтироми хоссаи давлат ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба занон мебошад, зеро нақши занону модарон ҳамчун неруи бузургу созанда дар ободии кишвар, камолоти маънавии фарзандон ва дар ниҳоди онҳо парвариши эҳсоси баланди худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори баланди ватандорӣ беназир аст.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни ироаи сухани шодбошии худ таъкид намуд, ки таҷлили Рӯзи модар дар оғози фасли зебои сол, баҳори некпай ҳамчун рамзи сарсабзӣ, садоқату муҳаббат ба зиндагӣ, ободиву осудагӣ ва равшангари ҳаёти осоишта буда, аз бузургии занону модарон башорат медиҳад. Аслан дунёи зан-модар баҳористони гулафшони зиндагист. Модар меҳвари хонадон ва оромиши ҷисму ҷон мебошад.
Қайд гардид, ки имрӯзҳо бонувони вилоят номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ баҳри ободу назаррабо гардидани кишвар талошу заҳмат мекашанд.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар партави ғамхориҳои Сарвари давлат мақому манзалати занону модарон ҳамчун офарандагони зиндагӣ, тарбиятгарони наслҳо ва неруи муқтадири пешбарандаи ҷомеа хеле устувор гардид. Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дар назардошти хизматҳои арзандаи занону бонувон таъкид намуданд: “Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ минбаъд густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеа қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем”.
- Бояд ошкоро гуфт, ки дар ҷомеае, ки сафи занҳои босаводу бомаърифат зиёд бошад, дар он фарзандони босавод тарбия карда шуда, рушди босуръати он таъмин мегардад, - идома дод раиси вилоят Давлаталӣ Саид. - Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, олими нуктасанҷ, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, донишманди асил, ҳимоятгари ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, деҳқони асил, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихор аст.
Саодатмандиву сарбаландии занону модарони тоҷик ва аҳли хонадони онҳо, дар маҷмӯъ, омили муҳими пешрафту ободии Ватани маҳбубамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Тамоми ҷомеаи мо бояд ин нуктаро дарк намояд, ки ҳар як модар шоис-таи таҳсин, сазовори ситоиш, арзандаи эҳтиром ва арҷ гузоштан аст. Ҳамин аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ занону модарон ва ҷавондухтарони кишварамонро «нигини пурҷилои тоҷи миллат» ном бурдаанд.
Раиси вилоят дар идома таъкид намуд, ки агар шахс заминаи боэътимоди тарбия-ро дар оилаи худ гирифта бошад, ҳеҷ як андешаи ботил наметавонад ба тасмими ӯ дар интихоби роҳи дуруст таъсир расонад. Бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ дар шахс, ҳанӯз аз овони кӯдакӣ дар оила, аз поктинатию соҳибмаърифатии модар оғоз меёбад.
Давлаталӣ Саид дар тақвияти ин андеша аз иштироки фаъоли духтарону бонувони хатлонӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” ва “Илм - фурӯғи маърифат” ёдовар гардид, ки шоҳҷоиза ва мақомҳои баланди ифтихориро аз худ карданд.
Дар суханронии худ раиси вилоят ҳамчунин доир ба масрафи оқилонаи буҷаи оила, нақши занон дар амалишавии қонунҳои миллӣ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати ҳифзи саломатии модару кӯдак, пешгирӣ аз бекоршавии ақди никоҳи нав-хонадорон ва зарурати устувории оила ибрози назар кард.
Зикр гардид, ки оила дар фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик ҳамчун рукни муқаддас эътироф гардида, заҳматҳои зан-модар маҳз дар пойдории оила, баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ ба хотири устувории давлат эҳсос мешавад.
- Аминам, ки шумо, занону модарон, бо муҳаббати беназири худ риштаҳои нозуки пойдории оилаҳоро қавӣ гардонида, ҷавондухтаронро ба ҳаёти мустақилона омода менамоед ва ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон ҳамеша онҳоро роҳнамоӣ мекунед, - афзуд Давлаталӣ Саид. – Дар баробари ин, аз шумо хоҳиш мекунем, ки фарзандони худро дар рӯҳияи дӯст дош-тани Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳимояи хоки муқаддаси аҷдодӣ тарбия намуда, аз хурдӣ дар ниҳоди онҳо оини меҳанпарастиро бедор созед.
Дар шароити торафт мураккаб гардидани авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бархӯрди тамаддунҳо, ки бештар барои нест кардани фарҳанги миллӣ таъсири калон мерасонад, моро лозим аст, ки ба фарҳанг, забон, урфу одат, либос ва рафтору гуфтори фарзандон аҳамияти лозима дода, арзишҳои миллиро пос дорем. Либоси миллӣ ёде аз гузаштагону нишонаи фарқкунандаи фарҳанги бузургамон аст ва ҳамеша иффату озодагии занони тоҷикро таҷассум менамояд. Аз тақлид ба фарҳанги бегона худдорӣ карда, бо либоси миллӣ бояд ифтихор дошта бошем.
Дар ҳамоиш қайд гардид, ки дар самти дастгирӣ ва таъмини зиндагии шоистаи занон давоми 5 соли охир 105 лоиҳаи пешниҳоднамудаи бонувони соҳибкор оид ба рушди соҳибкорӣ, хоҷагидорӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси гармхонаҳо барои парвариши лимӯ ва сабзавоткорӣ, ташкили коргоҳҳои адрасбофӣ, чакандӯзӣ, дӯзандагӣ, пазандагӣ, асалпарварӣ, моҳипарварӣ ва эҳёи ҳунарҳои миллӣ аз ҳисоби буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба маблағи як миллиону 250 ҳазор сомонӣ грантҳои раиси вилояти Хатлон дастгирӣ ёфта, ин ташаббусу ғамхориҳо минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.
Дар интиҳои сухан раиси вилоят Давлаталӣ Саид аз бонувони ғайратманди вилоят даъват кард, ки ба ифтихори ҷашни умумимиллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатӣ шурӯъ аз имрӯз дар ободониву тозагии маҳалли зист камари ҳиммат баста, дастаҷамъона Ватанро обод намоем.
Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор бонувони фаъолу хизматнишондода, собиқадорони арсаи меҳнат Ифтихорномаю Сипосномаҳои раиси вилояти Хатлон тақдим карда шуд.
Барномаи ҷолиби ҳунарӣ, ки аз саҳнаҳои адабӣ, суруду таронаҳои тараннумгари азамату бузургии зан-модар иборат буданд, ҳамоиши идонаро шаҳомати хос бахшид.
Ҳангомаи ИСМАТ,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00