Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДАСТРАСИИ ТЕХНИКАВУ ТАҶҲИЗОТИ МУБОРИЗА БА ЗИДДИ МАЛАХ БА ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ


ДАСТРАСИИ ТЕХНИКАВУ ТАҶҲИЗОТИ МУБОРИЗА БА ЗИДДИ МАЛАХ БА ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ



Бо иштироки Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Қурбон Ҳамикзода, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тосихиро Аики, роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мунео Такасака ва намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Иброҳим Аҳмадзода (ФАО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон техникаву таҷҳизотҳои гуногун ба Муассисаи давлатии “Экспедитсияи мубориза ба зидди малах”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд, иттилоъ медиҳад маркази матбуотии Вазорати кишоварзии вилоят.


Техникаву таҷҳизотҳои мазкур дар доираи лоиҳаи “Барномаи беҳсозии минтақавӣ ва миллии мубориза бар зидди малах дар кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ” буда, ҷиҳати пешгирӣ ва эмин нигоҳдоштани зироатҳои кишоварзӣ ба Муассисаи давлатии “Экспедитсияи мубориза ба зидди малах”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 адад мошинҳои обкашон, 5 адад микроавтобусҳо, 343 адад катҳои рахти хоб ва 12 адад кабинаҳо барои шустушуи бадан дар хаймаҳои саҳроӣ супорида шуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода