Хатлон. Ба фестивали "Сайри гули лола" омодагӣ мебинад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 482
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати муовини аввали раиси вилоят Салимзода Амонулло бо иштироки масъулини сатҳи вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо дар вилоят ситоди якуми вилоятӣ оид ба ташкил ва гузаронидани фестивали гулҳо таҳти унвони "Сайри гули лола" доир гашт.
Нахуст муовини якуми раиси вилоят суханрони намуда таъкид дошт, ки тибқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 14 уми феврал дар бораи баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳо, анъанаву ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 фестивали вилоятии гулҳо таҳти унвони "Сайри гули лола" дар вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо гузаронида мешавад.
Даври аввали фестивал - озмун то 10 уми марти соли ҷорӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо бо шинонидани гулу буттаҳо, аз ҷумла пиёзи гули лола дар мавзеъҳо ва оғози кори гармхонаҳо, ташкили дизайни гулҳои шинонидашуда дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва идораҳои давлатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои баргузории фестивали вилоятии гулҳо таҳти унвони ""Сайри гули лола" , инчунин якҷоя бо гурӯҳи кории вилоятӣ муайян намудани ҷойи баргузории фестивал тадбирандешӣ карда шавад. Аз ҷумла , ба масъулини ноҳияҳои Шаҳритус, Восеъ, Хуросон, Носири Хусрав супориш дода шуд, ки бо мақсади дар сатҳи баланд роҳандозӣ намудани озмуни мазкур чораандешӣ намоянд.
Муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ қайд кард, ки соли равон шакли баргузории фестивал озмуни "Сайри гули лола" аз солҳои қаблӣ ба кулли фарқ мекунад, зеро агар солҳои пеш танҳо шинонидани гули лола ба инобат гирифта мешуд, пас имсол дар тамоми кӯчаву хиёбонҳо, майдонҳои фароғатӣ, шинонидан ва парвари намудани гулу буттаҳои ороишии мухталиф низ ба инобат гирифта мешавад.
Дар иртибот ба ин масъала роҳбарону масъулони шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки аз шароиту имконияти мавҷуда истифода намуда, барои хубу хотирмон гузаронидани ин фестивал озмун омодагии ҳамаҷониба гиранд.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00