Ҷумҳурии мо дар Малайзия соҳиби ҷоиза гардид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 471
24 феврал дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия маросими супоридани ҷоизаҳо зери унвони «Top Asia Corporate Ball-2023» аз рӯи натиҷаи овоздиҳии хонандагони яке аз расонаҳои маъруфи малайзиягӣ - «RHA SDN BHD» баргузор шуд, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи «Мамлакати ҷолибтарини Осиё барои саёҳати кӯҳнавардӣ» гардид.
Ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Малайзия, расонаи малайзиягии «RHA SDN BHD» бо нашри маҷаллаҳои «Top 10 of Malaysia» ва «Top 10 of Asia» маъруф буда, шумораи хонандагони он дар як моҳ ба 400 ҳазор нафар мерасад.
Таваҷҷуҳи асосии расонаи болозикр нашри маводи ҷолиб роҷеъ ба давлатҳо, ширкатҳо ва шахсиятҳоест, ки боиси рушду навоварӣ дар минтақаи Осиё шудаанд ва ё иқтидори бузурги созандагиро дар бахшҳои гуногун доро ҳастанд.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00