Озмуни вилоятӣ беҳтарин хона, деҳа, маҳалла ва шаҳру ноҳияро муайян мекунад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 415
Дар вилояти Хатлон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ озмуни “Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар вилояти Хатлон” баргузор карда мешавад.
Тибқи қарори раиси вилоят аз 23 феврали соли 2023, №46, озмуни мазкур бо мақсади вусъатбахшии корҳои ободониву созандагӣ, зебогардонии ҳамаи гӯшаву канори мамлакат ва таъмин намудани рушди ҳамаҷониба давоми се соли оянда барпо гардида, тарбияи ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ободкорӣ, зебоишиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ифтихор аз анъанаҳои миллӣ ва ҳифзи муҳити зистро ҳадафи хеш қарор додааст.
Ба ғолибони даври вилоятии озмун Ҷоизаи “хонаи истиқоматӣ, маҳалла, деҳаи беҳтарин” ба ҳар яке дипломҳои дараҷаи 1,2,3 ва аз се ҳазор то якуним ҳар сомонӣ мукофот, барои Ҷоизаи “Беҳтарин деҳот, шаҳраки беҳтарин” диплом ва аз 2 то 5 ҳазор сомонӣ, ба барандагони Ҷоизаҳои “Беҳтарин ноҳия” ва “Шаҳри беҳтарин” диплом ва 10 ҳазор (барои ҷойи якум), 5 ҳазор (барои ҷойи дуюм) ва 3 ҳазор сомонӣ (барои ҷойи сеюм) мукофотпулӣ тақдим карда мешавад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...