ММТ: Арзиши хизматрасонӣ барои соли 2023 муайян шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 643
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2023 дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуд.
Тибқи иттилои дафтараи матбуотии Маркази миллии тестӣ барои шахсони дорои маълумоти миёнаи умумӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 11), ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ арзиши хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2023-юм 300 сомонӣ, барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9‑ум) 210 сомонӣ ва барои марҳилаи асосии азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иваз кардани интихобҳои аввал 25 сомонӣ муайян шудааст.
Ҳамчунин, тибқи муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ барои шахсони зерин имтиёз пешбинӣ гардидааст:
Шахсони то 21-солае, ки ятими кулл ё бепарасторанд, аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ озоданд.
Шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва «кӯдакони маъюб» аз пардохти 50 фоизи маблағ барои хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ озоданд.
Агар шахс ҳам маъюби гурӯҳи 1-ум ё 2-юм ё «кӯдаки маъюб» бошаду ҳам падар ё модараш вафот карда бошад, ё дар парастории яке аз онҳо қарор дошта бошад, он гоҳ ӯ аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озод аст.
Лутфан, маълумот, аксу видео ва аудио дар бораи воқеаву ҳодисаҳо ва масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаро тариқи WhatsApp,Telegram, imo, Viber бо рақамҳои (+992) 985-33-33-97 ба мо ирсол намоед!
Агар мехоҳед, ки ҳамарӯза ба ахбори тозатарини вилояти Хатлон, мақолаҳои таҳлилӣ, гузоришҳои мусаввар иборат аз видео ва инфографика шинос шавед. Пас, моро дар шабакаҳои иҷтимоии YouTube, Facebook, Instagram, OK, Telegram ва сомонаи www.khatlon-ruznoma.tj пайгир бошед.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...