Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Мактаби матонату мардонагӣ


Мактаби матонату мардонагӣ



Тарбияи насли солим, ҷисман обутобёфтаву соҳибхирад, соҳибмаърифат ва худшиносу худогоҳ, масъулият нисбат ба фардои Ватан як шарти муҳими инкишофи ҷомеа ба шумор меравад. Маҳз шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо талоши ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин намояд.

Имрӯзҳо ҷавонони мо бо ҳисси баланду масъулиятшиносӣ дарк намудаанд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ қарзи фарзандии онҳост. Ҳадафи асосии сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар дар самти сиёсати давлатии ҷавонон маҳз аз ҳамин иборат аст. Сарвари давлат махсус таъкид намуданд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи мухталифи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани ҳама арзишҳои истиқлолияти давлати куҳанбунёдамонро аз даст надиҳем. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву ташкилотҳои тундрави террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардуми моро халалдор намояд.

Мо - калонсолон барои баланд бардоштани ҳисси ватанпарвариву худшиносии миллӣ, сатҳи маърифату донишандӯзӣ, рушду такомули маҳорату малакаи ҷавонон бояд пайваста кӯшишу мусоидат намоем.

Яке аз вазифаҳои муқаддас ва қарзи инсонии падару модарон, омӯзгорону мураббиён, зиёиён ва умуман аҳли ҷомеа ин пешгирӣ аз амалу рафтори ноҷо ва ба роҳи дуруст ҳидоят кардани наврасон ва ҷавонон мебошад. 

Меҳру муҳаббати Ватанро бояд ҳар як фарди ҷомеа, махсусан ҷавонон ва наврасон дар қалби худ, вуҷуди худ ҷой дода, чун ҷонашон ҳифз намоянд.

Муҳаммадҷон Саидов,
ноҳияи Восеъ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода