Корхонаи равғани Бохтар навсозӣ мешавад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 499
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз оғози модернизатсияи корхонаи равғанбарории шаҳри Бохтар иттилоъ дод.
Масъулини вазорат бо соҳибмулки корхона дар шаҳри Бохтар дар тамос буда, интизор меравад, ки баъд аз модернизатсия ин корхона дубора фаъол шавад. Интизор меравад, ки дар марҳилаи аввал иқтидори корхона ҳудуди 25 ҳазор тонро ташкил диҳад.
Ёдовар мешавем, ки масъалаи фаъолсозии корхонаи равғанбарории шаҳри Бохтарро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба миён гузошта буданд.
Пешвои миллат ҳамчунин масъулинро муваззаф карданд, ки дар соли 2023 корхонаҳои равғанбарории шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Конибодомро тавассути муҷаҳҳазгардонӣ бо технологияҳои муосир бо иқтидори истеҳсолии солҳои қаблии онҳо барқарор намоянд.
Ҳоло талаботи бозори истеъмолии мамлакат аз ҳисоби равғани истеҳсоли ватанӣ ҳамагӣ 22% таъмин гардида истодааст. Дар сурати ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои зикргардида талаботи аҳолии мамлакат бо равғани истеҳсоли худӣ беш аз 70% таъмин мегардад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00