Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Корхонаи гаҷкартон бунёд мешавад


Корхонаи гаҷкартон бунёд мешавад



Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар дар Паёми навбатӣ ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ то моҳи апрели соли 2023, ҶДММ “Моҳир” дар ноҳияи Ёвон бо шарикони чинӣ корхонаи истеҳсоли гаҷкартонро бо иқтидори коркарди 200 ҳазор тонна гаҷ ва истеҳсоли 30 миллион метри мураббаъ (гаҷкартон) дар як сол сохта ба истифода медиҳад. 


Аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ба рӯзномаи “Хатлон” зимни тасдиқи ин хабар гуфтанд, ки корхонаи мазкур ба маблағи 23 миллион доллари ИМА бунёд гардида, дар он 150 ҷойи кории нав таъсис дода хоҳад шуд.


Қобили зикр аст, ки соли 2022 бо ҷалби сармояи дохилӣ дар соҳа 30 корхона ва коргоҳи нави истеҳсолӣ ба маблағи 150 миллион сомонӣ бо 560 ҷойи корӣ сохта ба истифода дода шуда, 9-тои он бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфтааст. 


Давоми солҳои охир дар соҳаи саноати масолеҳи сохтмон истеҳсоли маҳсулотҳои нави воридотивазкунанда, аз ҷумла семент, коркарди санг, гаҷкартон, шифер, қубурҳои асбестӣ, амстронг, бомпӯши битумӣ, рангҳои акрилию эмулсионӣ ва андоваҳои минералӣ ба роҳ монда шудааст.


Лутфан, маълумот, аксу видео ва аудио дар бораи воқеаву ҳодисаҳо ва масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаро тариқи WhatsApp,Telegram, imo, Viber бо рақамҳои (+992) 985-33-33-97 ба мо ирсол намоед!


Агар мехоҳед, ки ҳамарӯза ба ахбори тозатарини вилояти Хатлон, мақолаҳои таҳлилӣ, гузоришҳои мусаввар иборат аз видео ва инфографика шинос шавед. Пас, моро дар шабакаҳои иҷтимоии YouTube,   FacebookInstagramOKTelegram ва сомонаи www.khatlon-ruznoma.tj пайгир бошед.


Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода