Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » А. Ҷомӣ. Қарзи неруи барқ ҷой дорад


А. Ҷомӣ. Қарзи неруи барқ ҷой дорад



Қарздорӣ аз ҳисоби истифодаи неруи барқ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷой дошта, аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳо 3,8 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби сокинон 41 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.


Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ раиси ноҳияи А. Ҷомӣ Сафармад Раҳимзода хабар дод. 

Ба иттилои ӯ ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия ба 245,7 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 58 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамзамон, дар ноҳия 7 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст, ки малбағҳои дар доираи лоиҳаҳо азхудгардида 8,9 миллион долларро ташкил медиҳад.


- Омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо маром идома дошта, сохта ба истифода додани 203 иншоот ба нақша гирифта шудааст, - гуфт С. Раҳимзода. 


http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода