Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Гиромидошти сарбози шаҳидшуда


Гиромидошти сарбози шаҳидшуда



Дар шаҳри Бохтар дар арафаи 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба модари сарбози шаҳидшуда Аслам Миникулов барои тарбия намудани фарзанд дар роҳи ватандӯстӣ «Сипоснома» ва маблағи пулӣ тақдим гардид. 

Бояд гуфт, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар, даъвати шашум, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8-и шаҳр ба номи Аслам Миникулов гузошта шудааст.


Ёдовар мешавем, ки сокини шаҳри Бохтар Аслан Миниқулов соли 2021 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда, зимни адои хизмати ҳарбӣ баҳри ҳимояи хоки Ватан аз худ шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 14 сентябри соли 2022 қаҳрамонона ҳалок гардид.

Раиси шаҳри Бохтар Файзулло Баротзода зимни суҳбат бо модари сарбоз тазаккур дод, ки корномаи ин ҷавони ватандӯст барои ҳазорон ҷавони тоҷик сабақи ватандӯстию ҷавонмардист. Ватану миллат ҳеҷ гоҳ номи фарзандони ҷонфидову ҳомиёни баҳодури худро фаромӯш намекунад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода