Кӯлоб Пойтахти фарҳангии ИСЕСКО мешавад?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Ҳунарҳои мардумӣ / Хабарҳо, Боздид 1 333
Дирӯз, 14 феврал, дар суҳбати муовини вазири фарҳанг Манучеҳр Шарифзода бо намояндаи воломақоми Созмони ҷаҳонии Ислом оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг Билол Ашшобӣ масъалаи ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳанг, аз ҷумла мероси таърихию фарҳангӣ, санъат, осорхона, китобхона, табъу нашр ва дигар унсурҳои фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Лозим ба зикр аст, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Созмони ИСЕСКО, махсусан намояндаи дафтари марказии ин созмон Билол Ашшобӣ, дар соли 2022 як қатор ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба Феҳристи мероси фарҳанги ҷаҳони ислом шомил карда шуданд. Тибқи дархости ҷониби ИСЕСКО пешниҳодҳои Тоҷикистон вобаста ба эълон намудани Пойтахти фарҳангии ИСЕСКО барои панҷ соли оянда ба дафтари марказии созмон ирсол карда шуданд. Аз ҷониби Тоҷикистон шаҳри бостонии Кӯлоб ҳамчун Пойтахти фарҳангии ИСЕСКО дар соли 2024 пешниҳод карда шудааст. Пеш аз ин, шаҳри Душанбе соли 2010 ҳамчун Пойтахти фарҳангии ИСЕСКО эълон гардида буд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...