Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Наҷотдиҳандагони тоҷик 109 ҷасадро берун оварданд


Наҷотдиҳандагони тоҷик 109 ҷасадро берун оварданд



Гурӯҳи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рафъи корҳои наҷот дар вилояти аз офати табиӣ зарардидаи Қаҳрамонмараш фаъолияти худро идома медиҳад. Дар ин хусус Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

- Шабонарӯзи гузашта дар зарфи 18 соати кор дар минтақаи зилзилазадаи шаҳри Қаҳрамонмаръаши Туркия наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зери вайронаҳо 31 ҷасадро берун оварданд ва ба мақомоти марбута супурданд. Аз ғози корҳои ҷустуҷӯву наҷот дар ин минтақаи офатзада имдодгарони тоҷик аз зери харобаҳо 109 ҷасадро берун оварданд, - омадааст дар иттилоияи КҲФ.


Ҳамчунин дар ин рӯзҳо ҷони се нафарро аз хатари марг наҷот доданд, ки ду нафари онҳо тифлони аз шашмоҳа то 3-сола буданд.

Наҷотдиҳандагони КҲФ ҳамроҳ бо имдодгарони дигари байналмилалӣ ва маҳаллӣ дар шаҳри Қаҳрамонмаръаш дар шароти басо мушкил кор мекунанд. Онҳо бо воситаи таҷҳизоти вижа зери ғарами оҳану бетон, чангу хок вуҷуд додани одами зиндаро муайян мекунанд ва филҳои аз пайи наҷоти ӯ мешаванд.


Лутфан, маълумот, аксу видео ва аудио дар бораи воқеаву ҳодисаҳо ва масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаро тариқи WhatsApp,Telegram, imo, Viber бо рақамҳои (+992) 985-33-33-97 ба мо ирсол намоед!


Агар мехоҳед, ки ҳамарӯза ба ахбори тозатарини вилояти Хатлон, мақолаҳои таҳлилӣ, гузоришҳои мусаввар иборат аз видео ва инфографика шинос шавед. Пас, моро дар шабакаҳои иҷтимоии YouTube,   FacebookInstagramOKTelegram ва сомонаи www.khatlon-ruznoma.tj пайгир бошед.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода