Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Боздиди раиси вилояти Хатлон аз корхонаи саноатии ноҳияи Вахш


Боздиди раиси вилояти Хатлон аз корхонаи саноатии ноҳияи Вахш


Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди босуръати соҳаи саноат ва тақвият бахшидани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ иҷрокунандаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз вазъи сохтмони Корхонаи нассоҷии ҶДММ “Ваҳдат – текстайл – Вахш” аз наздик шинос шуд.

Гуфта шуд, ки бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегии мамлакат - саноатикунонии босуръати кишвар, соҳибкор Бароталӣ Юсупов дар Ҷамоати деҳоти “20 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и ноҳияи Вахш корхонаи нассоҷӣ, аз ҷумла барои истеҳсоли ҷӯробро бо арзиши умумии 12 миллион доллар бунёд намуда истодааст. 


Мақсади асосии аз бунёди ин корхона таъмин намудан бо истеҳсоли маҳсулоти нассоҷии ватанӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, таъмини маоши баланд, ба ин васила паст намудани сатҳи ниёзмандии аҳолӣ ва дар интиҳо ба даст овардани манфиати иқтисодӣ мебошад. 


Тибқи иттилои манбаъ, масоҳати комплекси мазкур аз 0,58 гектар иборат буда, замини зери сохтмон 2000 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар дохили корхона тамоми роҳравҳо бо сафолак ва бетон пӯшонида шуда, гирду атроф дар масоҳати 500 метри мураббаъ бо алафҳои ороишӣ сабзкорӣ карда шудааст. Дар даромадгоҳ гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ шинонида шудааст. 


Айни ҳол корҳои сохтмонӣ пурра ба анҷом расонида, 60 фоизи корҳои насбкунии таҷҳизотҳо ба анҷом расонида шудааст. Дар корхонаҳо таҷҳизот ва ашёву анҷоми муосир насб гардида, тибқи нақшаи тиҷоратӣ дар сурати ба пуррагӣ фаъол гардинидани корхона 400 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор таъмин карда мешаванд.


 Лутфан, маълумот, аксу видео ва аудио дар бораи воқеаву ҳодисаҳо ва масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаро тариқи WhatsApp,Telegram, imo, Viber бо рақамҳои (+992) 985-33-33-97 ба мо ирсол намоед!


Агар мехоҳед, ки ҳамарӯза ба ахбори тозатарини вилояти Хатлон, мақолаҳои таҳлилӣ, гузоришҳои мусаввар иборат аз видео ва инфографика шинос шавед. Пас, моро дар шабакаҳои иҷтимоии YouTube,   FacebookInstagramOKTelegram ва сомонаи www.khatlon-ruznoma.tj пайгир бошед.


Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода