Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Боздид аз корхонаи «Нуфузи Вахш»


Боздид аз корхонаи «Нуфузи Вахш»



Зимни сафари корӣ дар ноҳияи Вахш иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз Корхонаи истеҳсолии маҳсулотҳои ширии «Нуфузи Вахш» боздид намуд.

Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширии ҶДММ “Нуфузи Вахш” бо мақсади таъмини ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар аз тарафи соҳибкори ватанӣ Аҳлиддин Саидов бо маблағи 3 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.


Ба иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии коргоҳ 0,36 гектарро ташкил дода, он ба истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, аз ҷумла қаймоқ, сметан, ҷурғот, кефир, йогурт, творог, панир, чакка ва дуғоб нигаронида шудааст.


Гуфта шуд, ки корхона аз ду қисмат: истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва нуқтаи фурӯши маҳсулоти ширӣ иборат мебошад. Дар маҷмӯъ дар як сол 570 тонна шир қабул карда, ба маблағи 3 миллиону 967 сомонӣ маҳсулоти ширӣ истеҳсол мекунад. Коргоҳҳои корхона бо беҳтарин технологияи ҳозиразамон сохта, бо инфрасохтори барқу гармидиҳӣ, хунуккунӣ, ҳавотозакунии худмухтор муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Дар коргоҳ барои то 24 нафар коргарону мутахассисон ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.


Лутфан, маълумот, аксу видео ва аудио дар бораи воқеаву ҳодисаҳо ва масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаро тариқи WhatsApp,Telegram, imo, Viber бо рақамҳои (+992) 985-33-33-97 ба мо ирсол намоед!


Агар мехоҳед, ки ҳамарӯза ба ахбори тозатарини вилояти Хатлон, мақолаҳои таҳлилӣ, гузоришҳои мусаввар иборат аз видео ва инфографика шинос шавед. Пас, моро дар шабакаҳои иҷтимоии YouTube,   FacebookInstagramOKTelegram ва сомонаи www.khatlon-ruznoma.tj пайгир бошед.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода