Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дар ДДД Маркази бақайдгирӣ ва тестӣ амал мекунад


Дар ДДД Маркази бақайдгирӣ ва тестӣ амал мекунад



Дар Донишгоҳи давлатии Данғара (ДДД) ҷиҳати татбиқи ҳукумати электронӣ Маркази бақайдгирӣ ва тестӣ ва дар назди ҳар факултет синфхонаҳои компютерӣ амал мекунанд, ки бо компютерҳои замонавӣ ҷиҳозонида шудаанд. Дар ин бора ректори донишгоҳ профессор Нуралӣ Шоҳиён хабар дод. 

Номбурда ҳамчунин иттилоъ дод, ки донишгоҳ тайёр намудани мутахассисони касбиро аз рӯйи 62 ихтисос дар 13 факултет ба роҳ мондааст. Дар ДДД теъдоди умумии аспирантон ва унвонҷӯён аз рӯи 21 ихтисос ва равияи илмӣ 107 нафарро ташкил медиҳад. Соли 2022 зиёда аз 10 нафар омӯзгорону унвонҷӯён рисолаи илмии худро ҳимоя намуда, бо қарори Комиссияи олии аттестатсионӣ аз рӯйи тахассусҳои педагогика, сиёсатшиносӣ, ҳуқуқ, иқтисодӣ ва техникӣ соҳиби дипломҳои дараҷаи илмӣ гардиданд. Инчунин, 12 нафар омӯзгорону унвонҷӯён омодаи ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ будаанд. 


Лутфан, маълумот, аксу видео ва аудио дар бораи воқеаву ҳодисаҳо ва масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаро тариқи WhatsApp,Telegram, imo, Viber бо рақамҳои (+992) 985-33-33-97 ба мо ирсол намоед!


Агар мехоҳед, ки ҳамарӯза ба ахбори тозатарини вилояти Хатлон, мақолаҳои таҳлилӣ, гузоришҳои мусаввар иборат аз видео ва инфографика шинос шавед. Пас, моро дар шабакаҳои иҷтимоии YouTube,   FacebookInstagramOKTelegram ва сомонаи www.khatlon-ruznoma.tj пайгир бошед.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода