Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Вахш. Раиси вилоят ба аёдати собиқадори меҳнат рафт


Вахш. Раиси вилоят ба аёдати собиқадори меҳнат рафт



Имрӯз, 14 феврал иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷиҳати шиносоӣ бо корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Вахш рафт.

Нахуст, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари кории худ собиқадори меҳнат Садафмоҳ Тағоеваро аёдат намуда, аз ҳолу аҳволи ин зани меҳнатӣ пурсон шуданд. 


Мавриди зикр аст, ки  Садафмо Тағоева 10 майи соли 1941 дар ноҳияи Темурмалик ба дунё омадааст. Ӯ соли 1964 мактаби миёнаро хатм намуда, худи ҳамон сол ба факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1969 онро бо ихтисоси филологияи тоҷик хатм намудааст. 


Фаъолияти кориашро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и Ҷамоати шаҳраки “Киров”-и ноҳияи Вахш ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик оғоз намудааст. Солҳои 1974-1987 дар вазифаи муовини раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои ноҳия, солҳои 1987-1990 котиби Кумитаи ҳизби коммунист дар хоҷагии «Ленинград»-и ноҳия, солҳои 1990-1991 Инструктори шуъбаи ташкилии Кумитаи Ҳизби Коммунисти ноҳияи Вахш, дар соли 1992 методисти шуъбаи маорифи ноҳия, солҳои 1992-1994 ҷонишини раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи Ҷамоати шаҳраки “Вахш”-и ноҳия, солҳои 1994-2000 раиси Ҷамоати шаҳраки “Вахш”-и ноҳия, солҳои 2000-2012 директори маркази минтақавии хизматрасонӣ ба шахсони яккаву танҳои ноҳия, солҳои 2012-2017 омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳия, солҳои 2017-2018 ҳамоҳангсози Маркази захиравии минтақавӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон фаъолият намудааст. 


 Лутфан, маълумот, аксу видео ва аудио дар бораи воқеаву ҳодисаҳо ва масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаро тариқи WhatsApp,Telegram, imo, Viber бо рақамҳои (+992) 985-33-33-97 ба мо ирсол намоед!


Агар мехоҳед, ки ҳамарӯза ба ахбори тозатарини вилояти Хатлон, мақолаҳои таҳлилӣ, гузоришҳои мусаввар иборат аз видео ва инфографика шинос шавед. Пас, моро дар шабакаҳои иҷтимоии YouTube,   FacebookInstagramOKTelegram ва сомонаи www.khatlon-ruznoma.tj пайгир бошед.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода