Давлаталӣ Саид: “Дар ташаккули маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон ҳамагон масъулем”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 554
Нимаи якуми имрӯз, 10 феврал, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси вилоят баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа аъзои Шӯро, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Фархор, М.С.А. Ҳамадонӣ, Муъминобод ва Ҷайҳун ширкат варзиданд.
Пас аз муаррифии масъалаҳои рӯзномаи Шӯро, гузориши муовини сардори Раёсати Кумитаи давлати амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон Фирдавс Холиқзода доир ба вазъи фарогирии наврасону ҷавонон ба таълими ғайриқонунии динӣ, инчунин тадбирҳои дар самти пешгирии он анҷомёфта шунида шуд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид вобаста ба ин масъала таъкид намуд, ки дар ташаккули маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва саводнокии ҳуқуқии насли наврас нақши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони мақомоти дигари давлатӣ басо муҳим мебошад. Дастур дода шуд, ки бо ин мақсад бо аҳолӣ, алалхусус бо гурӯҳҳои осебпазир, ноболиғон, ҷавонон, муҳоҷирон, ходимони дин ва донишҷӯён дар мавзӯъҳои мухталифи ҳуқуқӣ вохӯриҳо бештар ба роҳ монда шаванд.
Дар Шӯро ҳамзамон ҳисоботи муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ оид ба чораҳои андешидашуда дар самти баланд бардоштани ҳисси ватанпарастии наврасону ҷавонон ва сатҳу сифати таълими хонандагон, ҳисоботи сардори Раёсати маорифи вилоят Ғазалшоҳ Сафарзода доир ба таълиму тарбияи ҳуқуқии хонандагони синфҳои 10-11 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҳисоботи прокурори вилоят Абдураҳим Раҳимзода доир ба натиҷаи санҷиши шӯроҳои ноҳиявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони назди раисони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, ҳисоботи сардори Раёсати ВКД дар вилоят Файзулло Нозимзода оид ба корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар шаҳру навоҳии вилоят ҷиҳати татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, гузориши котиби масъули Шӯро Сафарҷон Салимзода оид ба тасдиқи нақшаи кории Шӯро барои соли 2023, ҳисоботи комиссари ҳарбии вилоят Умед Солизода оид ба иҷрои қарорҳои раиси вилояти Хатлон “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳ дар даъвати баҳории соли 2023”, “Дар бораи гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони синни даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ” ва “Дар бораи ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гузоштани шаҳрвандони соли таваллуди 1996-2007”, инчунин ҳисоботи роҳбари маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” Илҳом Муъмин доир ба фаъолият ва мушкилоти ҷойдошта ироа гардид.
Пас аз баррасии ҳисоботҳо, раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар назди аъзои Шӯро вазифа гузошт, ки оид ба таъмини волоияти қонун ва риояи тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи амният, суботу оромии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, тақвият ёфтани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстию меҳанпарастии ҷавонон, баланд бардоштани тахассус ва масъулияти кормандони соҳаи маориф, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, дигар сохторҳои масъули тарбияи идеологӣ, омодагии ҳамаҷониба ба даъвати баҳорӣ, пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо, кирдорҳои коррупсионӣ, ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта, инъикоси ҳаёти сарбозони Артиши миллӣ дар ВАО ва ташкили гӯшаҳои ҳуқуқӣ дар нашрияҳои даврӣ тадбирҳои натиҷабахш андешанд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00