Мулоқоти раиси вилоят бо намояндагони Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ (JICA)
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 627
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндагони Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ (JICA) баргузор гардид, - хабар медиҳад шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар суханронии хеш ҳайати намояндагони Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ (JICA)-ро хайрамақдам гуфта, ҷиҳати ҳамкориҳои самарабахш ва татбиқи нақшаҳои неку созандаи ду кишвар, сатҳи ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои гуногун, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, инчунин барои мусоидат дар бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, амалӣ кардани лоиҳаҳо дар самтҳои таъмини оби нӯшокӣ, ҳифзи саломатии модару кӯдак, рушди хоҷагии қишлоқ, беҳтар намудани инфрасохтори роҳ, энергетика ва дигар самтҳои давлатӣ дар ҳудуди вилоят ба онҳо изҳори сипос намуданд.
Тибқи иттилои манбаъ, намояндагони Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ дар самтҳои дигари афзалиятнок ва ҳадафҳои стратегии дуҷониба, аз ҷумла Барномаи нави шарикӣ бо Тоҷикистон баҳри татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, амалисозии ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон оид ба беҳсозии вазъи коммуникатсионӣ, энергетикӣ ва кишоварзӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон изҳор доштанд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои беҳсозии фазои соҳибкорӣ, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулотҳои кишоварзии вилоят, рушди инфрасохтори зарурии саноат ва содирот мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ гуфта шуд, ки ҳамкорӣ ҷиҳати омода кардани мутахассисон ва хизматчиёни давлатӣ аз вилояти Хатлон дар самтҳои мухталифи идоракунӣ, молия, бонкдорӣ, сайёҳӣ, роҳсозӣ, энергетика ва дигар соҳаҳои муҳим метавонад аз афзалиятҳои рушди ҳамкории дуҷониба бошад.
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00