Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Корхонаҳои саноатии Бохтар ба маблағи беш аз 340 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд


Корхонаҳои саноатии Бохтар ба маблағи беш аз 340 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд



76,6 дарсади шумораи умумии омӯзгорони таълимгоҳҳои шаҳри Бохтарро бонувон ташкил медиҳанд. Дар ин бора раиси шаҳри Бохтар Файзулло Баротзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. 

Ҳоло 996 нафар занон ба таълиму тарбияи кӯдакону наврасон машғуланд. 
Толибилмони шаҳри Бохтар дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ 231 медал, аз ҷумла як нишони алмосӣ, 31 медали тилло, 37 медали нуқра ва 162 нишони биринҷӣ ба даст овардаанд.

Раиси шаҳри Бохтар ҳамчунин хабар дод, ки соли гузашта 56 корхонаи саноатии шаҳр ба маблағи 340,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 125,9 фисади дурнамо баробар шуда, назар ба соли 2022 ба андозаи 70 миллион сомонӣ афзудааст.

- Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маркази маъмурии вилоят бунёди 270 иншооти таъиноти гуногун ба маблағи умумии 900 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, - идома дод Ф. Баротзода. - Соли 2022 бо сарфи 72,3 миллион сомонӣ 21 иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ бо ташкили 90 ҷойи корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода