Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Бар асари заминларза дар Туркия шаҳрвандони Тоҷикистон осеб надидаанд


Бар асари заминларза дар Туркия шаҳрвандони Тоҷикистон осеб надидаанд



Бар асари заманларзаи шадид дар Туркия шаҳрвандони Тоҷикистон осеб надидаанд. Дар ин хусус Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст. Масъулини Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ин ҳодисаро пайгирӣ доранд.

Дирӯз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ва Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия Башар Асад дар робита ба пайомадҳои фоҷеабори ин офати табиӣ барқияҳои изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.

Ёдовар мегардем, ки субҳи рӯзи 6 феврал дар минтақаҳои мухталифи Туркия ва Сурия заминларзаи 7,4-балла рух дод. Тибқи маълумоти охирин, теъдоди ҳалокшудагони заминларзаи харобиовар дар ҷануби Туркия ба 2921 нафар расид. Бар асари заминларза 15 ҳазору 834 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар маҷмӯъ, 7840 нафар аз зери харобаҳо зинда наҷот дода шуданд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода