Сафари кории Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Қубодиён
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 603
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати бунёдкорию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, субҳи имрӯз иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ҷиҳати шиносои аз рафти корҳои сохтмонии иншоотҳои ҷашнӣ ва мулоқот бо фаъолону сокинон ба ноҳияи Қубодиён сафари корӣ анҷом дод.
Пеш аз вохӯрӣ бо фаъолон Давлаталӣ Саид аз бинои истиқоматии 45-ҳуҷрагӣ, ки барои хизматчиёни давлатӣ бунёд гардидааст дидан намуд. Сохтмони бинои 45-ҳуҷрадор барои хизматчиёни давлатӣ дар Ҷамоати шаҳраки Қубодиён аз тарафи пудратчии асосӣ ҶДММ “Парвиз-92” бо маблағи сметавии 185 00 000 сомонӣ соли 2019 оғоз гардид.
Фармоишгари сохтмон Дирексияи сохтмонии иншоотҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, майдони 0,60 га заминро ташкил медиҳад.
Дар сохтмон маблағи қариб 9 000 000 сомонӣ корҳо аз худ карда шуда, корҳои сохтмонӣ дар сатҳи болопӯшкунӣ қарор дошта, корҳои пардозгарии он идома дорад. Дар корҳои сохтмонӣ 25 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд. Раиси вилоят зимни суҳбат бо масъулон ва сохтмончиён таъкит намуд, ки ба сифати сохтмони бино диққати авалиндараҷа додан лозим аст, чунки бино бо ҳама шороити хуби зиндагӣ омода карда шавад.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...