Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БУНЁДИ 79 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ЯК СОЛ


БУНЁДИ 79 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ЯК СОЛ



Тибқи Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025 дар вилоят 10 муассисаи таълимӣ бо 2376 ҷойи нишаст бунёд гардидааст. Дар ин бора сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ҳамзамон, дар доираи Барномаи рушди соҳаи маорифи вилоят барои солҳои 2022-2027, марҳилаи якум, 9 таълимгоҳи иборат аз 45 синфхона ва 1080 ҷойи нишасти толибилмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Ҷамъан, дар соли 2022 дар шаҳру навоҳии вилоят 79 иншооти соҳаи маориф сохта шуда, барои 12984 хонанда ҷойи нишаст фароҳам гардидааст.

Бо мақсади дастгириву ҳавасмандгардонии омӯзгорони ҷавон дар соли 2022 ба 43 нафар қарзҳои боимтиёз ба қадри 6 ҳазор сомонӣ (ба ҳар яке) ихтисос дода шудааст.
Инчунин, зиёда аз 60 омӯзгори ҷавон ва фаъоли вилоят бо замини наздиҳавлигӣ ва полезӣ таъмин карда шудаанд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода