К. Иброҳимзода: “16 ҳолати хизмати якҷояи хешовандони наздик ба қайд гирифта шудааст”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 681
- Дар давраи соли 2022 дар ҳудуду вилоят 396 адад ҷиноят характери коррупсионӣ ва молиявӣ дошта, ошкор гардид, ки 158 адади он ҷиноятҳои вазнин мебошад. Ҷиноятҳо вобаста ба замин 110 адад ошкор карда шуд, ки боиси нигаронии мо мебошад, - иброз дошт зимни нишати хабарӣ сардори Раёсати Агентии мазкур, генерал–майори адлия Иброҳимзода Карим Иброҳим.
Ба иттилои сардори Раёсати Агентии мазкур дар ин давра аз тарафи кормандони раёсат 16 ҳолати хизмати якҷояи хешовандони наздик ки бар хилофи талаботи моддаи 22-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовиммат бо коррупсия” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” мебошад, ошкор ва бо андешидани чораҳои қонунӣ бартараф карда шудааст.
Ҳамчунин, иттидоъ дода шуд, ки аз тарафи ниҳоди мазкур дар ин давра дар 146 ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои вилоятии Хатлон тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида шудааст. Дар натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуд ба маблағи 15 239 266 сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шудааст.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...