Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Давлаталӣ Саид: “БО ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ КИШВАРИ МО БА РУШДУ ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ БЕШТАР МЕРАСАД”


Давлаталӣ Саид: “БО ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ КИШВАРИ МО БА РУШДУ ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ БЕШТАР МЕРАСАД”



Имрӯз, 31 январ, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо фаъолияти чанде аз корхонаҳои истеҳсолӣ ва саноатии шаҳри Бохтар шинос гардид.


Дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар аз коргоҳҳои истеҳсолӣ дидан намуда, тазаккур дод, ки дар ин минтақа барои бунёди корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ инфрасохтори зарурӣ, аз қабили роҳҳои мумфарш, хатҳои интиқоли қувваи барқ, шабакаи обу корез ва дигар шароити зарурӣ фароҳам мебошад.


Саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат, афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот ва дар ин замина таъмин намудани сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор аз мавзӯъҳои асосии суҳбати иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо масъулон, коргарону мутахассисони корхонаю коргоҳҳои саноатии шаҳри Бохтар буд. Таъкид гардид, ки бо татбиқи ин ҳадафи стратегӣ кишвари мо ба рушду пешрафти иқтисодии бештар расида, барои сокинон зиндагии шоиста фароҳам хоҳад шуд.


Зимни боздид Давлаталӣ Саид бунёди чунин корхонаҳоро василаи муҳими таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор маънидод намуда, вобаста ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳкими соҳаи саноат, беҳтар кардани сифати маҳсулоти тавлидотӣ ва роҳандозии содироти маҳсулоти истеҳсолу банду бастгардида ба соҳибмулкон ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дастуру маслиҳатҳои муфид дод.


Қобили зикр аст, ки айни замон дар шаҳри Бохтар беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар мебошад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода