БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ПОЙГОҲИ ОБКАШИИ №3-И НОҲИЯИ ҶАЙҲУН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 18
![]()
Имрӯз, 2 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳун, дар ҷамоати деҳоти «Ваҳдати миллӣ», аз рафти корҳои азнавсозии пойгоҳи обкашии №3 боздид ба амал оварданд.
Лоиҳаи мазкур дар доираи «Лоиҳаи тақвияти идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон (SWIM)» амалӣ гардида, фармоишгари он Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Идоракунии лоиҳа аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи идоракунии захираҳои обии водии Фарғона» ба роҳ монда шуда, мушовир — ширкати «ТЭМЕЛСУ» ва пудратчӣ — ҶСК «ТГЭМ» мебошанд.
Лоиҳа аз ҷониби Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд (ё Ассотсиатсияи байналмилалии рушд) маблағгузорӣ гардида, маблағи умумии он 8 195 670,78 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...