Кӯлоб. 527,5 кило маҳсулоти пастсифат ва маҳсулоти истифодааш гузашта нобуд карда шуд!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 509
Дар нишасти матуботӣ сардори Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои минтақаи Кӯлоб Сайдализода Ҷурахон Қурбон афзуд, ки дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, таъмини бехатарии бозори истеъмолӣ, мусоидат ба рушди соҳибкорӣ, баланд бардоштани сифати кору хизматрасонӣ, инчунин дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳа, ки бевосита ба ҳифзи бозори истеъмолӣ аз воридшавии молу маҳсулоти пастсифат, таъмини риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон нигаронида шуданд, дар соли 2022 корҳои назаррасро ба анҷои расонидаанд.
Мутахассисони шуъбаи назорати давлати оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар маҷмааи агросаноатӣ барои риояи талаботи қонунҳои амалкунанда, ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва ҷорӣ намудани онҳо, дар 272 корхонаҳои истеҳсолӣ ва ташкилотҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Бо дархости соҳибкорон дар 324 корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла КМК «Шукрона», ҶДММ «Фароғат», ҶДММ «Солеҳҷон»-и ноҳияи Фархор, ҶДММ «Орзу-2004», ҶДММ«Ориён Рустам», ҶДММ «Саман», ҶДММ «Суғдиён», ҶСП «Комбинати шир»-и шаҳри Кӯлоб, ҶДММ «Алоқа», ҶДММ «Душанбе», ҶДММ «Шуҳрат ЛТД»-и ноҳияи Ҳамадонӣ, ҶСК«Хоҷа-Муъмин», ҶДММ «Диловар-Н», ҶДММ «Зоир-А», ҶДММ «Султон»-и ноҳияи Восеъ, ҶДММ «Дуоб-Р», ҶДММ «Мурги Муъминобод», ҶДММ «Самак»-и ноҳияи Муъминобод, ҶДММ «Хазориспанд»-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва дигар сехҳои хурди истехсолӣ дар асоси дархости пешниҳод намудаи соҳибмулкон корҳои сертификатсионӣ гузаронида шуд. Инчунин аз ҷониби мутахасисон дар хашт ҳолат 84500 кило намаки оши ғайристандартӣ дар корхонаҳои истеҳсолии ҶДММ “Алоқа” 15 тонна, ҶСК «Хоҷа-Мӯъмин» 25 тонна,, ҶДММ «Душанбе» 30 тонна, соҳибкори инфиродӣ Махсиддинов Маҳмадалӣ 6 тонна ва соҳибкори инфиродӣ Сафаров Алихон, ноҳияи Восеъ 8 тоннаву 500 кило ошкор карда шуд. Баъди ошкор шудани намаки ғайристандартӣ ба коркарди дуюмбора равона гардонида шуда, ба талаботи стандарти мутобиқ гардонида шуданд ва тибқи дархости соҳибмулкон аз ҷониби мутахассисон бо сертификати мутобиқат таъмин гардиданд.
Зикр гардид, ки мутихассисони шуъбаи нозироти савдо соли 2022 дар асоси қонунҳои амалкунанда ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ фаъолият намуда, дар бозорҳо, нуқтаҳои савдо ва хӯроки умумии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб корҳои назоратӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Дар ин давра мутахассисони шуъба дар 111 бозорҳо, нуқтаҳои савдо ва хӯроки умумӣ санҷишҳо гузарониданд, ки аз ин 44 санҷиш бо мақомотҳо гузаронида шуд. Барои риоя накардани қойдаҳои савдо ба 135 соҳибкорони нуқтаҳои савдо, хӯроки умумӣ ва нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима ба маблағи 25600 сомонӣ муқаррар намуданд. Мутахассисони шуъбаи нозироти савдо аз 58 нуқтаҳои фурӯши маҳсулотҳои хурокворӣ намуна барои ташхис гирифта, аз намунаҳои гирифташуда дар 48 ҳолат маҳсулотҳои хӯрокворӣ ба талаботи ҳуҷчатҳои меъёрӣ ҷавобгӯ набуданд. Дар соли сипаршуда маҳсулотҳои хӯрокворӣ 132,5 кило, маҳсулотҳои гуштӣ 250 кило, нӯшокии ғайримашруботӣ 55 литр, нӯшокии машруботӣ 35 литр, маҳсулоти сохтмонӣ (ширеш) 21 кило, кафк (пена) 24 кило, ранг 10 кило аз муомилот гирифта шуд. Ҷиҳати амалӣ намудани тартиби коркарди маҳсулотҳои ғайристандартӣ ва нобудсозии онҳо, ки ба талаботҳои регламентҳои техникӣ мутобиқ нестанд дар Раёсат комиссия таъсис дода шудааст, ки баҳри ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва ҳимояи бозори дохила аз молу маҳсулоти пастсифат дар соли 2022 дар рафти гузаронидани санҷишҳо ва рейдҳои муштарак маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истифодааш гузашта, ки миқдори умумиаш 527,5 килоро ташкил медиҳад, бо иштироки комиссия ва васоити ахбори омма несту нобуд карда шуданд.
Сардори Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои минтақаи Кӯлоб Сайдализода Ҷурахон Қурбон гуфт: “Бахши ташхиси маҳсулоти хурокворӣ ва хоҷагии кишоварзӣ соли 2022 дар озмоишгоҳ 2372 ташхис гузаронид. Аз шумораи умумии ташхисҳо дар 161 намунаи санҷидашудаи маҳсулотҳои хӯрокворӣ ғайристандартӣ дониста шуда, аз ҷумлаи онҳо маҳсулотҳои қаннодӣ 37 намуна - 85 кило, маҳсулотҳои макаронӣ 4 намуна - 10 кило, нӯшокии ғайримашруботӣ 16 намуна - 35 кило, чой, қаҳва, какао 2 намуна - 2 кило, маҳсулоти гуштӣ 20 намуна - 21 кило, равғани растанӣ 3 намуна - 175 кило, намаки ошӣ 8 намуна - 84 тоннаву 500 кило, нӯшокиҳои машруботӣ 55 намуна - 49 литр, орд 6 намуна 7 кило, мева ва сабзавоти тару тоза 2 намуна 2 кило, маҳсулоти ғизоӣ 8 намуна - 10 кило, ҷамъ 84847 кило. Натиҷаи 95 намуна ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳод карда шуд.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии моддӣ ва маънавии афсарон ва сарбозоне, ки ба ҳифзу ҳимояи Модар-Ватан машғуланд, аз ҷониби вазорату идораҳо дар арафаи Соли нави мелодии 2023 ба ҷузъу томҳои ҳарбии дар шаҳру ноҳияҳо ҷойгирбуда кӯмакҳои моддӣ расонид.
Раёсат дар соли 2022 барои расонидани кӯмак ба чамъияти маъюбони “Чернобил” ва интернатсиалистони ҷанги Афғонистон, оилаҳои камбизоат, ятимону шахсони имконияташон маҳдуд, беморону барҷомодагон, бепарасторон ва шахсони эҳтиёҷманд ба маблағи 21600 сомонӣ махсулотҳои озуқаворӣ кӯмак кардааст.
Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ,
хабарнигори минтақавии рӯзномаи “Хатлон” дар шаҳри Кӯлоб
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00