Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Қалъаи Кӯлоб бозсозӣ карда мешавад


Қалъаи Кӯлоб бозсозӣ карда мешавад



Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифӣ намудани урфу одат ва таъриху фарҳанги миллати тоҷик Қалъаи шаҳри Кӯлоб бо тарҳи рукнҳои қадимӣ бозсозӣ карда мешавад.

Айни замон дар қалъаи мазкур беш аз 75 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд. Дар сохтмони он 3 ширкати сохтмонӣ - ҶДММ  «Сайёр», ҶДММ «Ниагара-а» ва ҶДММ «Ҷобир сохтмон» фаъолият дошта, кӯшиш доранд, ки корҳои сохтмониро бо сифати баланди меъморӣ ба анҷом расонанд.

Ба сохтмони Қалъаи қадимии Кӯлоб беҳтарин рассомону сохтмончиён аз шаҳрҳои Душанбе, Истаравшани вилояти Суғд ва шаҳри Ваҳдат ҷалб гардида, қисмати боқимондаро коргарони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.

Қалъаи Кӯлоб дар шафати Муҷтамаи 2700-солагии шаҳр ва назди Осорхонаи таъриху кишваршиносӣ ҷойгир буда, он бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бозсозӣ мешавад. Қалъаи Кӯлоб дорои беш аз 100 гумбаз мебошад.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода