Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Нишастҳои матбуотӣ кай оғоз мешаванд?


Нишастҳои матбуотӣ кай оғоз мешаванд?




Шурӯъ аз 30 январ ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва минтақавӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2022 нишастҳои матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ аз тарафи иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон 26 январи соли 2023 тасдиқ карда шудааст. Тибқи нақшаи тасдиқшуда, нишастҳои матбуотӣ 30 январ оғоз гардида, 17 феврал ба охир мерасанд.

Зимни нишастҳои матбуотие, ки ҳар рӯзи корӣ аз ҷониби якчанд ташкилоту муассисаи вилоятӣ ва минтақавӣ дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб баргузор мешаванд, намояндагони воситаҳои ахбори омма имкон доранд ба саволу пурсишҳояшон ҷавоб гиранд.

Тибқи нақша, рӯзи 30 январ якумин нишастҳои матбуотӣ дар Раёсати тандурустӣ ва Раёсати фарҳанги вилоят баргузор мешаванд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода