Мулоқоти раиси вилоят бо намояндаи ширкати CNPC
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 448
26 январ, дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо директори филиали ширкати CNPC (Корпоратсияи миллии нафту гази Чин) Central Asia B.V дар Тоҷикистон ҷаноби Ли Бинг баргузор гардид.
Ҷонибҳо масъалаҳои амалишавии Созишномаро оид ба тақсимоти маҳсулот вобаста ба корҳои ҷустуҷӯӣ–геологӣ дар майдонҳои нафту газ дар вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ли Бинг қайд кард, ки дар ҳолати хуб ба анҷом расидани корҳои ҷустуҷӯӣ-геологӣ, ба рушди соҳаи нафту гази ҷумҳурӣ такони ҷиддӣ бахшида хоҳад шуд.
Дар мулоқот имкониятҳои сармоягузорӣ, заминаҳои ҳуқуқӣ ва шароити мусоиди фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шуда, зикр гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ ва ҷалби ширкатҳои чинӣ ба раванди саноаткунонии босуръати кишвар алоқаманд аст.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00