Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2022” ВА ҒОЛИБИЯТИ ҚОДИРЗОДА ОЗОДАМО


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2022” ВА ҒОЛИБИЯТИ ҚОДИРЗОДА ОЗОДАМО


Имрӯз, даври ҷумҳуриявии озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон-2022” ҷамъбаст гардид,ки дар он Қодирзода Озодамо, мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии “Оиша”-и ноҳияи Восеъ бо нишон додани маҳорату малакаи хуби касбӣ сазовори ҷойи аввал ва мукофотпулӣ ба миқдори 5 000 сомонӣ дониста шуд.

Аз Маркази матбуоти Раёсати маорифи вилояти Хатлон иттилоъ дода шуд,ки ҳамаи довталабон барои иштироки фаъолона дар озмун бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон”, сертификат ҷиҳати иштирок дар озмуни ҷумҳуриявӣ, туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотпулӣ аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳоло истиқболи ғолиби озмуни ҷумҳуриявии"Мураббии соли Тоҷикистон- 2022" дар ноҳияи Восеъ баргузор гардида истодааст,ки дар он сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, раиси ноҳияи Васеъ ва дигар масъулон бо гулдаставу туҳфаҳо иштирок доранд.

С. АЗИЗЗОДА

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода