Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Т. Бобиева бахташро дар фронт дарёфт


Т. Бобиева бахташро дар фронт дарёфт


Чанде қабл бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва баланд бардоштани мақоми кормандони соҳаи фарҳанг, рушду такомули санъати касбӣ ва театрӣ Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар чаҳор номина таъсис дода шуд. Ҷоизаҳои раиси вилоят дар риштаи мусиқии суннатии фалак ба номи Одина Ҳошимов, дар бахши санъати эстрадаи миллӣ ба номи Муқаддас Набиева, дар риштаи санъати театр ва ҳаҷв ба номи Аловуддин Абдуллозода ва дар бахши санъати рақси миллӣ ба номи Туйдӣ Бобиева гузошта шудааст.

Туйдӣ Бобиева кист ва дар такомули фарҳанги вилоят чӣ хизматҳо нишон додааст?


Туйдӣ Бобиева, Ҳунарманди хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945), 9-уми майи соли 1924 дар деҳаи Қалъаи Малики Янгибозор, ноҳияи Ваҳдат дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Дар ҳафтсолагӣ Туйдиниссо бо апааш Давлатмо ятим мемонанд. Онҳоро ба ятимхонаи ноҳияи Ваҳдат месупоранд. Баъди ду сол Давлатмою Туйдиниссоро ба хонаи бачагонаи шаҳри Душанбе бурданд. Ду соли дигар онҳо дар ин ятимхона тарбия мегиранд. Пасон, кӯдаконро ба ятимхонаҳои дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ интиқол медиҳанд. Хоҳараш Давлатмо дар ятимхонаи шаҳри Душанбе мемонад ва Туйдинисорро бошад, ба ятимхонаи шаҳри Кӯлоб “Тебалай” мефиристанд.

Дар ин мактаб-интернат бо яке аз бонуи машҳури Тоҷикистон, ходими давлативу ҷамъиятӣ Назирамоҳ Зарифова дӯстӣ пайдо намуда, ба воя мерасанд. 

-Ман сурудхонӣ ва рақс карданро бисёр дӯст медоштам ва дар кружокҳои ҳаваскорӣ иштирок мекардам. Дар дилам орзуи санъаткор шуданро мепарваридам, -навиштааст ӯ дар ёддоштҳояш. Шабу рӯз дар синфҳои холии мактаб дар равшании лампаи керосинӣ машқ мекардам. Маро муаллими суруд Саъдии Суғдӣ барои санъаткор шудан маслиҳат медоду кӯмак мекард.

- Як рӯзи баҳор аз театри шаҳри Кӯлоб намояндагон ва санъаткорон омаданд ва дар мактаби бачагонаи мо озмун ташкил намуданду беҳтаринҳо дар он ширкат варзиданд, ки хушбахтона, ман низ, дар қатори дигарон иштирок намудам. Ҳамаи мо - бачагон чунон шодиву сурур доштем, ки фикр мекардем, ҳамаамон ғолиб мешавем. Устод Сайдалӣ Вализода ва Қорӣ Неъматулло истеъдоди маро дида, маро назди худ даъват карданду ба театри шаҳри Кӯлоб ба кор даъват намуданд, - ба хотир меорад Туйдиниссо. Театри шаҳрӣ ба вай имкониятҳои зиёд дод. Ҳамроҳи ҳунармандон ба ноҳияҳои кӯҳӣ Балҷувон, Ховалинг, Шӯрообод (имрӯза Ш.Шоҳин), Данғара ва Фархор сафарҳои ҳунарӣ дотааст.

Туйдиниссо ҳунарпешаи хизматнишондодае буд, ки бо иҷрои сурудҳои “Духтари балҷувонӣ”, “Секинак”, “Духтари ҳамсоя” сазовори ҷоизаҳо гаштааст. Пеш аз оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Москва Даҳаи адабиёт ва санъати Тоҷикистон барпо гашт ва Туйдӣ Бобиева сазовори Граммотаи Фахрии Иттифоқҳои касаба ва Вазорати фарҳанги СССР ва ғолиби озмуни мазкур гашт.

-Соли 1942-юм бо супориши роҳбарияти шаҳри Кӯлоб, Ҳукумати Шӯравӣ ва Вазорати фарҳанги он замон мо як гурӯҳ санъаткорони ҷавонро ба монанди дигар ҷанговарони ватандӯст ба ҷабҳа - фронт сафарбар намуданд, менависад ӯ. - Мо дар шаҳрҳои Свердловск, Урал Нижний Тигил сафар карда, ба аскарбачагон барномаи консертии худро манзур мегардонидем ва хотири сарбозони маҷруҳро шод менамудем.

Соли 1943 вақте ки консерти навбатиамонро дар Нижний Тагил ба намоиш мегузоштем, бо як ҷанговари ҷавон шинос шудам, ки Махсум Назаров ном дошт. Гуфтан мумкин, ки дар он ҷо ман бахтамро ёфтам. Баъдан бо ҳам суҳбат кардем ва он кас пешниҳоди оиладоршавӣ намуданд. Ваъда доданд, ки баъд аз адои хизмат ва итмоми ҷанг бо ҳам издивоҷ мекунем.

Ин иттифоқ пас аз як сол ба амал омад. Туйдиниссо бо Махсум оиладор шуда, соҳиби 14 фарзанд гаштанд ва онҳоро ба воя расонида, соҳибмаълумот намуданд. Айни ҳол фарзандони ин ду шахсият дар соҳаҳои мухталифи кишвар фаъолият пурмаҳсул доранд. 

Туйдӣ Бобиева фаъолияти худро дар театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб ба номи Саидалӣ Вализода идома дода, пайваста ба сафарҳои ҳунарӣ берун аз Ватан мерафт. 

-Фаъолияти санъаткорӣ ва тарбияи фарзандон бароям хело душвор буд, аммо аз мушкилии рӯзгор ва фаъолиятам танқисӣ намекашидам, чунки шавҳарам ҳалиму меҳрубон буд ва пайваста кӯмакам мекард. Ҳангоми ба сафарҳои ҳунарӣ рафтанам зид намебаромаданд. Ин буд, ки ман ба кишварҳои Украина, Қазоқистон ва давлатҳои Иттифоқи Шуравӣ сафар намуда, дар як қатор конгрессу созмонҳо аз номи Тоҷикистони азиз иштирок намудам,- ёдовар мешавад Туйдиапа.

Дар давоми ҳаёти худ Туйдӣ Бобиева ба гирифтани як қатор ҷоизаву мақомҳои шоиста сарфароз гаштааст.Унвонҳои Туйдӣ Бобиева: Медалҳои «30-солагии ғалаба бар фашизм», «40-солагии ғалаба бар фашизм», «Меҳтари меҳнат» дараҷаи аввал, «Барои корҳои шоён бахшида ба 100 солагии В. И. Ленин», «Шафқати модарӣ» дараҷаҳои 1-ум ва 2-юм, «Қаҳрамонмодар» барои тарбияи 10 фарзанд, «Унвони ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон», нишонаи сарисинагии «Ғолиби мусобиқи сотсиалистии 1960- 1965 ва 1970 -1975», «Модар» барои тарбияи 14 фарзанд.

Соли 2014 дар шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва театри шаҳр 90-солагии равоншод Туйдиниссо Бобиеваро қайд намуданд. Ин аст, барге аз саргузашти зани ҷасуру хушсалиқа ва ҳунарпешаи соҳибистеъдоди Тоҷикистон.

Фарида Баротова,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода