420000 сомонӣ стипендияи раиси вилоят
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 525
Дар соли 2022 хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ҳаракати олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, сазовори 620 ҷойи ифтихорӣ, аз он ҷумла 82 медали тилло, 186 нуқра ва 352 медали биринҷӣ гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 195 медал зиёд мебошад.
Аз Раёсати маорифи вилоят ба рӯзномаи “Хатлон” хабар доданд, ки ҳар сол бо мақсади дастгирии хонандагону донишҷӯёни фаъол ба 70 нафар муҳассилини аълохони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят, 60 нафар донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва 60 нафар олимони ҷавон ҳамасола ба маблағи умумии 420 ҳазор сомонӣ стипендияҳои раиси вилоят пардохт карда мешавад.
http://khatlon-ruznoma.tj/