Шумораи бонувони роҳбар чӣ қадар аст?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 499
22,2 фоизи шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ дар вилояти Хатлон занон мебошанд. Дар ин бора ба рӯзномаи “Хатлон” Раъно Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят, иттилоъ дод.
Ба қавли манбаъ, 204 нафар занону духтарони лаёқатманди вилоят дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият карда истодаанд. Аз шумо раи умумии аҳолии вилоят 49,7 фоизро занону духтарон ташкил дода, саҳми онҳо дар рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи Хатлон назаррас арзёбӣ мешавад. Аз ҷумла, имрӯз дар соҳаҳои маориф 46887 нафар, тандурустӣ 24680 нафар, саноат 2923 нафар, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 3726 нафар, бонкҳо 1176 нафар (38 нафар роҳбар), кишоварзӣ 268 ҳазору 439 нафар, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 11 ҳазору 423 нафар занон фаъолият мекунанд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...