Терроризм – ояндаи торики ҷомеа
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 551
Тоҷикистони азизи мо яке аз кишварҳои боамн ва дорои сулҳу суботи устувор буда, барои зиндагии осоишта тамоми шароит фарҳам аст. Бо итминон гуфтан мумкин аст, ки дар оянда низ бо саҳми заҳмату талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнати мардуми шарафманди тоҷик Ватани азизи мо ободтару зеботар мегардад.
Аммо имрӯз дар баъзе кишварҳои ҷаҳон бо амалҳои номатлубе вомехӯрем, ки аз ҷониби хоинону бадхоҳони миллат сар мезананд.
Террористон бо мақсадҳои гуногуни палидона гурӯҳҳо ташкил намуда, ба вазъи сиёсию иҷтимоии ҷомеаи ҷаҳонӣ дахолат мекунанд. Барои пурқувват намудани гурӯҳҳои хеш, ба воситаи ваъдаҳои пучу беасос мардумро ба худ ҷалб мекунанд. Терроризм хусусияти ифротгароӣ дошта, пайваста барои ноором гардонидани ҷомеа кӯшиш мекунад.
Мо тавассути шабакаҳои телевизионӣ огоҳӣ меёбем, ки дар баъзе манотиқи ҷаҳон қариб ҳар рӯз таркишу тирпарронӣ ба амал омада истодааст, ки як хатари мудҳиш барои сайёраи замин мебошад. Ҳазорон нафар шахсони бегуноҳ ҷон супорида, садҳо бинои дигар вайрон мешаванд. Баъзеяшон ақидаҳои пучи “динӣ”–ро сармашқи кори худ карда, худро бо мақсади шаҳид шудан, дар байни омма метарконанд, ки на аз лиҳози динӣ кори дуруст асту на аз рӯйи ақли инсонӣ кори раво.
Рӯзҳои охир ҳаводису вазъи сиёсии Афғонистон мардумро ба таҳлука андохтааст, ки албатта, ба афкори умум таъсири худро мерасонад. Бо зулму истибдод, ҳуқуқи занро маҳдуд карда, ҳатто дар муассисаҳои миёна таҳсил намудани духтаронро манъ кардаанд. Дар ин баробар, дар кӯчаву хиёбонҳои ин кишвар ҳамарӯза тирпарронию таркишҳо ба вуқуъ мепайвандад, ки садҳо шахсони бегуноҳ ҷони худро дар он аз даст медиҳанд.
Имрӯзҳо, бешубҳа, дар сомонаҳои иҷтимоӣ навору паёмҳое, ки диққати истифодабарандагони интернетро ба худ ҷалб мекунанд, кам нестанд. Дар байни ин паёмҳо ҳастанд наворҳое, ки инсонро ба ваҷд меоранд ва бисёриҳо фирефтаи дурӯғу дасисаҳои беасоси онҳо мегарданд. Бо ваъдаҳои додани маблағи калон, талош мекунанд, ки сафи ҳамрадифони худро бештар намоянд. Албатта, агар чоаҷӯӣ накунем, то ба ҳадде ба мақсади худ мерасанд.
Ба андешаи инҷониб, зиёд шудани сафи гурӯҳҳои террористӣ, ин асири хурофот шудани бархе аз ашхоси ҷомеа мебошад. Он нафароне, ки бештар ба хурофот дода шудаанд, ба суханони беасоси саркардаҳои ифротгароён бовар карда, узви он мегарданд. Асири ақидаҳои ғалатӣ мешаванду таъсири манфии худро ба ҷомеа расонидани мешаванд. Худро мусулмон метарошанду гӯё барои дини Ислом “хизмат” мекунанд.
Пеш аз ҳама, ашхоси гумроҳу ҷоҳил ва бесаводу ноқисақл фирефтаи дасисаҳои онҳо шуда, вориди зиндагии ғуломона мегарданд. Дар баробари узви ташкилоти террористӣ шудан, дигар имконияти бозгашт пайдо накарда, ё ҳалок мешаванд ва ё барои вайрон намудани ҷомеа «саҳм» мегузоранд.
Новобаста аз ин маҳдудияту имкониятҳо бояд ҳар шахс фирефтаи дому дасисаҳои палидонаи террористон нагардад. Террорист дин, миллат, мазҳаб, давлат, фарзанд, волидайн надорад. Дар баробари ҳамаи ин, қайд кардан ба маврид аст, ки ҷавонон яке аз афроди хушбахттарини қишри ҷомеа ба ҳисоб мераванд, ки ояндаи неки давлату милллат дар дасти онҳо мебошад. Пас, ҳар як шахсро мебояд, пеш аз ҳама зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзи марзу бум ҳамеша омода бошад.
Наврӯз ТОҲИРЗОДА,
прокурори ҳарбии гарнизони Бохтар, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...