Вохӯрӣ бо омӯзгорону донишҷӯёни ДДБ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 540
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав суҳбат-вохӯрии намояндагони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон ва Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Хатари ифротгароӣ дар ҷомеа ва пешгирии гаравиши ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистӣ - террористӣ” бо омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.
Нахуст, Давлатзода Сайфиддин, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иброз намуд, ки муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози сохтор самтҳову масъалаҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва соҳаҳои асосии ҳаёти кишварро дар бар мегирад.
“Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳамаи захираву имкониятҳоро ба фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагиву таҳсили наврасону ҷавонон, яъне насли ояндасози миллат сафарбар кардааст”, -афзуд С. Давлатзода.
Фирдавс Холиқов, муовини сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон, зимни баромади худ қайд кард, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ таъкид доштанд, ки барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан ташкилотҳои террористию экстремистӣ аксаран зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динӣ амал карда, ба эътиқоди динии одамон таъсир мерасонанд.
Дар идомаи суханронӣ Фирдавс Холиқов иброз дошт, ки ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.
Гуфта шуд, ки душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои ороми кишвари моро халалдор созанд, аз хориҷ истода тақдири тоҷиконро ҳал намоянд, тариқи телевизионҳои маҳворавӣ ва шабакаҳои интернетӣ ба халқи азизи мо тахдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, мавриди интиқоди беасос қарор медиҳанд.
“Онҳое, ки аз хориҷи кишвар одамонро ба ҷиҳод ташвиқ мекунанд, дар асл хоинони миллат, ватанфурӯшони зархариданд, ки имрӯз аз Сурияву Ироқ, фардо дар Амрикову Аврупо баромад мекунанд”, - иброз дошт Фирдавс Холиқов, муовини сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон.
Ҳамчунин, дар ин вохӯрӣ Мутеуллоҳ Наҷотзода, муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзуи “Хатарҳои ифротгароӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва маҳкум кардани он аз дидгоҳи дини мубини Ислом” ва Абдуллоҳи Қодирӣ, сухангӯи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзуи “Омилҳои асосии тамоюли ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва роҳҳои пешгирӣ аз он” баромад намуданд.
Дар охир аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ карда, рисолати ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти хешро дар баробари ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намоянд, ба хотири таҳкими давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани азизамон тамоми нерӯи ақлониву ҷисмонии худро равона созанд.
Комрони БАХТИЁР,
“Хатлон”
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00