Соли вусъати корҳои ободониву созандагӣ
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Имрӯз, 20 январ, нахустин сафари кории Давлаталӣ Саид ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон ба шаҳри Кӯлоб сурат гирифт.
Дар ибтидои сафар раиси вилоят бар пояи муҷассамаи “Дуои модар” гулгузорӣ намуда, аз оромгоҳи мутафаккири барҷастаи шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ боздид кард. Дар шаҳри Кӯлоб раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба дидори Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Ҳақназар Ғоиб омада, ӯро ба муносибати 80-умин солгарди умраш муборакбод гуфт. Раиси вилоят Ҳақназар Ғоибро яке аз чеҳраҳои намоёни адабиёту рӯзноманигории тоҷик арзёбӣ намуда, барояш саломатии устувор, умри дарози бобаракат, комёбиҳои нав ба нави эҷодиро таманно кард.
Дар идомаи сафар раиси вилоят ба аёдати собиқадори меҳнат Раъно Ғафурова омада, бо ин табиби номӣ суҳбати самимӣ орост. Аснои суҳбат бо собиқадор Давлаталӣ Саид иброз дошт, ки фаъолияти пурсамари собиқадорон намунаи ибрат барои ҷавонон буда, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии нафақагирон ва собиқадорони ҷангу меҳнат пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд.
Ба аëдатшудагон аз ҷониби раиси вилоят туҳфаҳои пулию моддӣ тақдим карда шуд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ аз беморхонаи марказии бемориҳои дил ва рафти истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ дар корхонаи “Ваҳдат-текстайл”-и шаҳри Кӯлоб боздид намуд. Зикр гардид, ки технологияи муосири корӣ имкон медиҳад, ки сифати баланди маҳсулот таъмин карда шавад. Айни замон дар ин корхона барои мардҳо, занон ва кӯдакон навъҳои гуногуни ҷӯроб истеҳсол мегардад.
Зимни боздид раиси вилоят Давлаталӣ Саид таваҷҷуҳи масъулонро ба истеҳсоли маҳсулоти босифат ҷалб намуда, ҷиҳати афзоиши иқтидори истеҳсолӣ ва тавлиди номгӯи нави маҳсулоти саноатӣ дар оянда ба онҳо дастуру маслиҳатҳои муфид дод.
Имрӯз, ҳамчунин, дар толори қароргоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо фаъолону сокинони шаҳри Кӯлоб доир гардид.
- Таърих гувоҳ аст, ки мардуми сарбаланди Кӯлоб ҳамеша бо далерию шуҷоат, ифтихори баланди ватандорӣ, саховатмандию ободкориашон маъруф гардида, намунаи ибрат мебошанд, - иброз дошт раиси вилоят дар оғози сухани худ. - Ҷавонмардони Кӯлоб дар ибтидои даврони соҳибистиқлолӣ барои ҳимояи сохти конститутсионӣ ва ҳоло ҳам барои ҳифзи якпорчагии давлат ва таҳкими ваҳдати миллӣ истодагарӣ карда, дар рушду ободонии мамлакат саҳми муносиб мегузоранд.
Қайд гардид, ки барои фаъолияти муташаккилона ва ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас дар маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят, ки 10 январи соли ҷорӣ доир гардид, шаҳри Кӯлоб ҳамчун шаҳри беҳтарин дар вилоят ба ҷойи якум сазовор шуд. Тибқи натиҷаи соли 2022 баробари дастовардҳо дар шаҳр баъзе нишондиҳандаҳои манфӣ низ ҷой доранд, ки дар соли ҷорӣ бояд бо меҳнати суботкорона ва азму талоши дучанд барои ислоҳи онҳо тадбирҳои муассир андешида шаванд.
Тибқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025, татбиқи 225 лоиҳа ба маблағи 7 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида, ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ 47 лоиҳа ба маблағи 619 миллион сомонӣ иҷро гардидааст.
Дар шаҳри Кӯлоб 16 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи азхудшудаи ин лоиҳаҳо 28,7 миллион долларро ташкил дода, ба ҳамаи соҳаҳо равона гардидааст.
Соли 2022 бонкҳои ҳудуди шаҳри Кӯлоб ба соҳаҳои иқтисодӣ 313,3 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ равона намуданд, ки нисбати соли 2021-ум 73,3 миллион сомонӣ ё худ 30,5% зиёд мебошад. Аз ҷониби филиали КВД БССТ “Саноатсодиротбонк”-и шаҳри Кӯлоб бо пешниҳоди 67 нақшаи тиҷоратӣ (бизнесплан) ба 468 нафар ба маблағи 14 миллиону 255,2 ҳазор сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо шудааст.
- Ҳоло мо дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорем, - қайд намуд раиси вилоят. - Тибқи нақша, ба истиқболи ин ҷашн дар шаҳри Кӯлоб сохтмони 462 бинову иншооти истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст. Итминони комил дорам, ки мардуми ватандӯсти Кӯлоб бо шукргузорӣ аз давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол минбаъд низ дар вусъати корҳои ободонию созандагӣ, ҳифзи марзу буми Ватани аҷдодӣ ва ваҳдату субот дар сафи пеш қарор хоҳанд дошт.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлобро вазифадор кард, ки ҷиҳати таъмини иҷрои сифатноки нақшаи андозҳо, даромаду хароҷоти буҷет, таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввалия, ташкил кардани захираи кофии онҳо, пешгирӣ кардани болоравии беасоси нархҳо, ба роҳ мондани фаъолияти муназзаму устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бомаром идома додани нақшаҳои созандагиву бунёдкорӣ, иҷрои лоиҳаҳои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025, татбиқи лоиҳаҳо, инчунин ҷалби сармояи хориҷӣ, махсусан сармояи мустақим, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бештар ба соҳаҳои иқтисодиёт равона намудани қарзҳои бонкиро таҳти назорати доимӣ қарор дода, бо дарки масъулияти баланд дар ҳамкорӣ бо фаъолони ҷомеа ва соҳибкорони баору номус чораҳои муассирро роҳандозӣ намояд.
Н. МАЪ МУРЗОДА,
Ҷ. РУСТАМШОҲ,
«Хатлон»
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.