Раиси вилоят ба аёдати Шоири халқии Тоҷикистон ва собиқадори меҳнат рафт
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 469
Дар шаҳри Кӯлоб иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоятиДавлаталӣ Саид ба дидори Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Ҳақназар Ғоиб омада, ӯро ба муносибати 80-умин солгарди умраш муборакбод гуфт.
Раиси вилоят Ҳақназар Ғоибро яке аз чеҳраҳои намоёни адабиёту рӯзноманигории тоҷик арзёбӣ намуда, барояшон саломатии устувор, умри дарози бобаракат, комёбиҳои нав ба нави эҷодиро таманно кард.
Дар идомаи сафар раиси вилоят ба аёдати собиқадори меҳнат Раъно Ғафурова омада, бо ин табиби номӣ суҳбати самимӣ орост. Аснои суҳбат бо собиқадор Давлаталӣ Саид иброз дошт, ки фаъолияти пурсамари собиқадорон намунаи ибрат барои ҷавонон буда, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии нафақагирон ва собиқадорони ҷангу меҳнат пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд.
"Хатлон"
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...