Сарфаи беҳудаи барк гулшани худ сӯзон аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 504
Муроҷиатномаи раёсати назорати давлатии энергетики минтақаи Бохтари ба мардуми шарафманди вилояти Хатлон
Шаҳрвандони гироми, ҳамватанони азиз!
Пешрафти кунунии ҷомеаи кишвар бе истифодаи неруи барқ ғайриимкон буда, истифодаи босамаи он кафили бомароми иқтисоди ҳар як оила маҳсуб меёбад. Мувофқи маълумотҳои Агентии обуҳавосанҷии ҷумҳурӣ моҳи январи соли равон сардии бесобиқаи ҳаво дар ҳудуди кишвар пешбинӣ шудааст.
Дар ин давра талаботи аҳолӣ ва корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ ба неруи барқ дучанд меафзояд, ки ин ба сарбории зеристгоҳҳову истгоҳҳои трансформаторӣ ва хатҳои интиқоли барқи ҳавоию кабелӣ дар системаи энергетикии мамлакат мегардад. Инчунин, сардшавии ҳаво боиси камворидшавии об ба обанборҳои неругоҳҳои барқии обӣ гашта, аз рӯи талаботи неруи барқ зиёдшавии хароҷоти об 2-3 маротиба меафзояд. Ин серборӣ боиси сар задани садамаҳо, расишҳои кутоҳ ва афзоишёбии вайроншавии техникаиҳои танзимотӣ мегардад.
Аз ин лиҳоз, Раёсати назорати давлатии энергетикии минтақаи Бохтар аз сокинони вилоят эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар рӯзҳои сарди ҳавои зимистон неруи барқро бо ҳисси баланди масъулияти сарфакорӣ истифода намоянд.
Аз асбобҳои каммасрафи барқӣ истифода бурда, ба буҷаи оилаву корхона зарари иқтисодӣ нарасонед. Маданияти истифодабарии оқилонаи нерӯи барқ дар дасти худи мо буда, мо худ созандаи ин диёри куҳанбунёд ҳастем.
Бо эҳтиром, Раёсати назорати давлатии энергетикии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00