«Тахти Сангин – рамзи таърихи пурғановати тоҷик»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 545
Бахшида ба 2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин, ки ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕ СКО шомил гардидааст, идораи рӯзномаи “Хатлон” бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон озмуни эҷодиро таҳти унвони «Тахти Сангин – рамзи таърихи пурғановати тоҷик» эълон мекунад.
Дар озмун журналистон, муҳаққиқон, таърихшиносон, публитсистон ва ҳамаи алоқамандон иштирок карда метавонанд. Иштирокдорон метавонанд мақолаҳои худро дар доираи жанрҳои публитсистӣ омодаву пешкаш намоянд.
Мақолаҳо дар ҳаҷми то 5 саҳифа бо ҳуруфи Arial tj, андозаи 14 қабул карда мешаванд. Иштирокчиёни озмун метавонанд, мақолаҳои худро ба унвонии почтаи электронии мо: khatlon.tj@mail.ru ё бевосита ба идораи рӯзнома – шаҳри Бохтар, кӯчаи Логинов-12 бо ишораи «Барои озмун» пешниҳод кунанд.
Озмун то 1 марти соли 2023 идома ме
ёбад. Ғолибони озмун бо мукофоти пулӣ қадр карда мешаванд.
МУКОФОТҲО:
Барои ҷойи аввал – 2 000 сомонӣ.
Барои ҷойи дуюм – 1 500 сомонӣ.
Барои ҷойи сеюм – 1000 сомонӣ.
Навиштаҳои беҳтарин дар шакли маҷмӯаи алоҳида низ чоп карда мешаванд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...