Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дар Тоҷикистон аввалин маротиба шашгоник ба дунё омад


Дар Тоҷикистон аввалин маротиба шашгоник ба дунё омад



11 январи соли ҷорӣ дар беморхонаи марказии вилояти Суғд шашгоник ба дунё омадааст. Модари шашгоникҳо Муборак Соҳибова аз ноҳияи Спитамен буда, ду кӯдаки навзод писар ва чори дигар бошад,  духтар мебошанд. Вазъи модар ва кӯдакон хуб арзёбӣ карда мешавад. 
Иттилои манбаъро Маҳмудшоҳ Кабиров, равоншинос ва табиб тасдиқ мекунад. Ҳамчунин, ӯ изҳор дошт, ки саломатии кӯдакон ва модарашон хуб аст: «Мо ҳар субҳ видеокенференсия дорем».

Сардухтури беморхонаи мазкур ва котиби матбуотии Вазорати тандурустӣ ба зангҳои пайдарпайи хабарнигори рӯзномаи «Хатлон» посух надоданд.

Бояд изҳор дошт, ки то ин вақт дар Тоҷикистон ин аввалин маротиба аст, ки шашгоник ба дунё меояд. 30 декабри соли 2020 дар вилояти Хатлон панҷгоникҳо ба дунё омада буданд, ки соли гузашта дусола шуданд.
 
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода