Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Тавсияҳои муфид аз сардии ҳаво


Тавсияҳои муфид аз сардии ҳаво




Имрӯз дар ҷумҳурӣ барфи бошиддат меборад, иттилоъ доданд ба рӯзномаи «Хатлон» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Имрӯз дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф борида, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.


Дар ҳамин иртибот КҲФ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки дар ин рӯзҳо сафарҳои худро дар роҳҳои кӯҳӣ бидуни зарурати таъҷилӣ маҳдуд намуда, аз корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, моҳидорӣ, ғунучини ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ кунанд, инчунин барои пешгирӣ аз эҳтимоли омадани сел ҷӯйборҳоро тоза намоянд, ҳангоми истифода аз бухориҳое, ки бо ангишт гарм мешаванд, қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.


Дар ин рӯзҳои сармои шадид тавсияҳои муфиди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳуриро бароятон хитирасон мекунем, ки аз манфиат холӣ нест.

ЧАНД ТАВСИЯИ МУҲИМ БАРОИ СОКИНОН ДАР ИН ФАСЛИ САРД:
- Дар манзилҳои истиқоматии худ, новобаста ба он ки шумо соҳиби ҳавлиед ва дар биноҳои баландошёна зиндагӣ мекунед, барои гармии ҳарорати ҷойи истиқомати худ талош намоед. Агар системаи гармидиҳӣ дар хонаҳои шаҳрии маҳалли истиқомати шумо фаъол бошад, талош кунед батареяҳои манзилатон бенуқс кор кунанд, то ҳарорати хона муътадил бошад/

- Дар хона бояд гармӣ ба ҳадди лозим бошад, то сардии ҳаво ба шумо ва аҳли хонадонатон таъсир накунад ва аз бемориҳое, ки бар асари сардӣ сар мезананд, эмин бошед.


- Аз истифодаи асбобҳои барқии дастсохт ва обгаркунҳои дастсохт худдорӣ намоед. Ин гуна таҷҳизот маъмулан хатар доранд ва барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш хуб мешавад, ки аз истифодаи онҳо даст кашед.


- Ҳангоми шамоли сахт талош кунед ҳаргиз зери дарахтону сутунҳои сустниҳод ва симчӯбҳои барқӣ наистед. Ин хеле хатарнок аст. Эҳтиёт кунед!


- Шумо доим бояд ба ин бовра бошед, ки ҳавоноти хонагии шумо дар ҷойи гарму амнанд, барояшон ба қадри кофӣ захираи ғизо доред. Модоме дар хона ҳайвони хонагӣ нигоҳ медоред, пас масъулед дар бораи ғизои онҳо низ андешед.

ТАВСИЯҲО БАРОИ РОНАНДАГОН:

- то сафар мошини худро санҷед;

- чархҳои тобистонаро ба зимистона иваз намоед, мошинҳои калонҳаҷми боркашро бо ҳама гуна васоили эҳтиётӣ, аз ҷумла абзори зидди лағзиш дар ях, аз ҷумла занҷирҳо, белҳо, шамолкашҳо, фонусҳо, панҷара барои радиатор таъмин намоед. Ҳамзамон бо ин коршоямии системаи гармидиҳандаро санҷед;


- ҳатман дар бордони мошини худ сару либоси гарм, фонус, банд, бели хурдакак, бушкаИ сӯзишвории захиравӣ, термос бо оби гарм дошта бошанд. Дорухонаи мошинатонро ҳам бо доруҳои ниёзи аввал ва зарурӣ нав кунед;


- ҳатман дар телефонатон на камтар аз ду симкорт дошта бошед, телефони шумо бояд ҳатман дар ҳолати корӣ қарор дошта бошад;


- бо ҳамон суръате мошин ронед, ки бехатарии худ ва ҳамроҳонатонро таъмин карда тавонед. Боло бурдани суръати ҳаракат ҳамеша бар зарар аст. Бахусус ҳангоми убур аз чорроҳаҳо, пиёдагузарҳо, назди мактабу дигар ҷойҳои пурҷамъият ва нишебиҳо суръати ҳаракати мошинатонро суст кунед;


- ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ фосилаи байни мошинҳоро риоя намоед, ҳар қадар аз ҳам дур ҳаракат кунед, ҳамон андоза ғами бехатарии худро мехӯред, чун маъмулан дар зимистону ҳавои сарду пурбориш роҳҳо ях мебанданд ва дар вақти зарурат шумо наметавонед ногаҳони мошинро нигоҳ доред;


- агар шумо сари вақт натавонистед, ки мошинро омода созед, хуб мешавад агар муваққатан аз сафари безарурат даст кашед;


- ҳама тавсияҳои кормандони ВКД, КҲФ-ро дар мавриди маҳдудияти муваққатии ҳаракати мошинҳо дар қитъаҳои ҷудогона дар ҳолатҳои лағзиши тарма ва резиши санг риоя намоед.

ЧАНД ТАВСИЯ БА ОН КАСОНЕ, КИ ХОНАҲОИ ХУДРО БО ВАСИЛАИ БУХОРИҲО ГАРМ МЕКУНАНД:

- бухориҳоро бо бензин, керосин ва дигар моеъхои зуд оташгиранда нагиронед. Истифодаи онҳо метавонад боиси эҷоди ҷарақа дуд ва паҳншавии шӯъла гардад;

- ҳаргиз ҳезум ва дигар маводдҳои оташгирандаро барои хушк кардан болои бухориҳо нагузоред. Либосҳои тарро дар либосовезҳо хушк кунед;


- ҳаргиз дар бухорӣ дар ҳоли кушода будани дари он оташ гирон накунед. Бухориҳоро ҳангоми гарм кардани хона беназорат нагузоред;


- ҳамеша дудбарои бухориҳои худро санҷед, онҳоро аз ҳар гуна дудаву дигар олудагиҳо тоза намоед, то боиси заҳролуд шудан аз гази карбон нашаванд;


Ҳангоми боридани барфи тар ва гузор аз кӯча ба симчӯбҳо ва пояҳои сустниҳони рекломҳо ва дарахтон диққат диҳед. Барфи тар маъмулан сабабгори баногаҳ шикастани шохи дарахтон мешавад, ки барои роҳгузарон бехатар нест. Дар ҳоли дидани ин гуна ҳолатҳо фавран ба хадамоти кумак занг занед ва аз шикастани дарахтон ё афтодани симчӯбҳо фавран хабар расонед.

"Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода