Ҷавонон неруи муттаҳидсоз ва ояндаи миллатанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 523
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки 23 декабри соли 2022 ироа гардид, таҳлиле мебошад, ки тамоми натиҷаҳои рушд, муваффақияту музаффарият ва пешомадҳоро дар самти сиёсати дохилию хориҷии кишвар дар бар мегирад. Зеро мардуми шарифи мамлакат ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯйи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш рафта истодаанд.
Тавре аз Паём бармеояд, ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад. Аз ин дидгоҳ ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии вилоят назар андозем, бори дигар ҳақиқати таъкидҳои Пешвои муаззами миллатро дарк менамоем. Зеро зимни ҳар як вохӯрию мулоқоташон Сарвари давлат ба ин неруи пуриқтидори давлат такя карда, дар ҳама маврид ҷавононро дастгирӣ ва ҳавасманд менамоянд.
Зимни Паёми навбатии худ Пешвои муаззами миллат дар баробари таҳлили пурра ва ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба самти ҷавонон ва варзиш, дастгирии ҷавонони лаёқатманд ва ватандӯсту соҳибмаърифат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, иброз доштанд: «Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд».
Ҷавонони вилояти Хатлон низ дар радифи дигар ҷавонони ҷумҳурӣ баҳри пойдории сулҳу субот, оромию осудагии сокинон ва пешрафту нумуи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят саҳми шоиста доранд ва маҳз ҷа вононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад.
Ҷаҳони имрӯза, ки зери фишору муборизаҳои шадид, аз ҷумла муқовиматҳои иттилоотии абарқудратҳои сайёра қарор дорад, бешак, таъсиру зарбаҳои маънавии он ба тамоми мардуми дунё мерасад. Бахусус, сокинони вилояти Хатлон низ мушкилоти авзои ҷаҳониро хуб дарк карда, ба он талош меварзанд, ки ҳар як узви ҷомеаи мо дар ҳифзи музаффариятҳои истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи фазои амну суботи кишвар, вусъати бештари бунёдкорию созандагии диёр ва ба ин васила расидан ба зиндагии боз ҳам шоистаи мардум соҳиб гардем.
Чун аз таъсири ҷаҳонишавӣ ва муборизаҳои иттилоотӣ ёдовар гардидем, пеш аз ҳама, мавқеъ ва афкору ҷаҳонбинии ҷавонон дар ин радиф бояд устувор бошад, зеро ҳар ҳаводисе, ки дар ҷаҳони иттилоотӣ рух медиҳад, нахуст ба дунёи маънавии ҷавонон таъсир мерасонад. Мавриди қайд аст, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон низ доир ба ин масъала таъкид намуданд, ки «ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои ватандӯстӣ ва рушдро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем».
Муҳимтарин омили худшиносии ҷавонон рӯ овардан ба таърихи миллат, омӯзиш ва донистани адабиёти пурғановати тоҷик, огаҳии комил аз фаъолияти илмӣ ва кашшофии фарзонафарзандони донишманди гузаштаи миллат, ки тавонистанд дар поягузорӣ ва рушди илмҳои башарӣ нақши бориз гузоранд, маҳсуб мешавад.
Роҳандозӣ шудани озмунҳои ҷумҳуриявии илмӣ-маърифатии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм - фурӯғи маърифат” аз ҷумлаи ташаббусҳои ниҳоят бамаврид ва ҳувиятсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳамин мақсадҳои неку дурбинонаи Сарвари давлатро ифода мекунанд. Боиси ифтихор аст, ки наврасону ҷавонон ва шаҳрвандони синну сол ва касбу кори гуногуни мо низ дар ин озмунҳо фаъолона ширкат варзида, вилоятро дар сатҳи ҷумҳурӣ бо сарбаландӣ намояндагӣ карданд.
Се озмуни ҷумҳуриявие, ки аз тарафи Пешвои миллат пешниҳоду ташкил гардид, дар самти баланд бардоштани маърифати аҳолӣ ва рӯ овардани онҳо ба китобу мутолиа, илмҳои дақиқу риёзӣ, табиатшиносӣ, фарҳангу ҳунар бо пешбинии мукофотҳои калони пулӣ мусоидат намуда истодааст. Тибқи таҳлилҳо, давоми солҳои охир фисади зиёди сокинони вилояти Хатлон, новобаста ба синну сол, ба китобхонӣ, илмҳои риёзӣ ва жанрҳои гуногуни санъати миллӣ рӯ оварда, дар озмунҳои мазкур фаъолона иштирок мекунанд. Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм - фурӯғи маърифат” дар дили хурду бузурги кишвар ҷой гирифта, барои иштирок дар он ҳамагон талош меварзанд ва ҳамаҷиҳата омодагӣ мегиранд.
Маҳз ин буд, ки иштироку ишғоли ҷойҳои намоён аз ҷониби довталабони вилояти Хатлон дар сатҳи ҷумҳурӣ соли 2022 бесобиқа буд. Яъне, Шоҳҷ оизаи озмун, 16 ҷойи намоён ва 32 ҷойи ифтихорӣ насиби сокинони Хатлонзамин шуд, ки ин боиси хушнудию сарфарозист.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ҷавонон ҳамчун қувваи бузурги созанда такя намуда, нақши онҳоро дар пешрафти кишвар муҳим мешуморад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки мақсади сиёсати давлатии мо дар соҳаи кор бо ҷавонон аз тарбияи кадрҳои маданию маълумотдор ва мутахассисону наслҳои дараҷаи дониши васеъдошта ва ватандӯст иборат аст. Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон дуруст тарбия намудани насли наврас мутобиқи талаботи замон мебошад, ки моҳияти миллии сиёсати давлатии моро дар соҳаи кору тарбия бо ҷавонон ифода менамояд.
Имрӯз кадрҳои дар мактаби бузурги давлатдории Эмомалӣ Раҳмон бакамолрасида барои пешрафти ҷомеа пайгирона талош меварзанд.
Мо дар фаъолияти худ ба роҳандозии консепсияи “Рӯй овардан ба ҷавонон” афзалият медиҳем, ки ин ҳадаф аз таъкидҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат бармеояд. Иқдоми мазкур омили муҳими ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба умури идораи давлат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори онҳо дар ҷомеа ба шумор меравад.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ҷавонон ҳамчун неруи муттаҳидкунанда барои барқарорсозии сулҳу субот, бунёди ҷомеаи демократӣ, мустаҳкам кардани иқтидори кишвар, тарғиби солимиву тавонмандӣ, рушди илму техника ва дигар бахшҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа саҳми хеле назаррас гузоштанд.
Мутмаинам, ки бо ҳидоятҳои созандаву ояндабинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони мамлакат минбаъд низ дар дунёи мутамаддин мавқеи худро мустаҳкам нигоҳ дошта, дар роҳи бунёди ояндаи дурахшон, ҳифзи асолати таърихи ҳазорсола, муаррифии шоистаи Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳон қадамҳои устувор мегузоранд.
Фирӯза Шарифӣ,
муовини раиси вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00