Ташкили курсҳои ройгон барои даъватшавандаҳо
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 406
Комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо интихоб ва пуррасозии сафи даъватшавандагонро дар курсҳои кутоҳмуддати ронандагӣ барои Қувваҳои Мусаллаҳ дар сохторҳои Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон на камтар аз 30%-и нақшаи даъвати баҳории соли 2023 амалӣ намуда, маблағгузории ин курсҳо аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ таъмин карда мешавад.
Ин иқдом бо қарори раиси вилояти Хатлон “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати баҳории соли 2023” амалӣ карда мешавад. Тибқи ин қарор, ҳамчунин, Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, барои на камтар аз 5%-и шумораи умумии даъватшавандагон ба хизмати аскарӣ бояд курсҳои кутоҳмуддати ошпаз, тракторчӣ, барқчӣ, кафшергар ва дигар ихтисосҳои барои Қувваҳои Мусаллаҳ зарурро ташкил намоянд.
Қарори мазкур бо мақсади ҷоннок намудани чорабиниҳои ҳарбию ватандӯстӣ ва мудофиавӣ, таъмини Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аз ҳисоби даъватшавандаҳо бо мутахассисони касбӣ ба тасвиб расидааст.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...