Нархномаҳо тағйир намеёбанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 504
Нархномаҳои хизматрасониҳои пулакии таълимӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии мамлакат барои солҳои таҳсили 2023- 2024 дар сатҳи амалкунанда (ба истиснои ихтисосҳое, ки нав ҷорӣ карда мешаванд) бетағйр мемонанд. Дар ин бора 22 декабри соли 2022 фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст.
Инчунин бо фармоиши дигар, нархномаҳои хизматрасонии пулакии тиббӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва хусусии ҷумҳурӣ барои соли 2023 дар сатҳи амалкунанда (ба истиснои муассисаҳои тиббии навтаъсис ва хизматрасониҳои пулакие, ки нав ҷорӣ мешаванд) бетағйир нигоҳ дошта мешаванд.
Нархномаҳои хизматрасониҳои нақшавии пулакии таълимӣ ва тиббӣ дар ин муассисаҳо тибқи талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар заминаи нархгузорӣ ва асосноккунии иқтисодии пешниҳодшуда таҳлил карда шудаанд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...